Дар як сатр
» » Бузургон дар ситоиши матбуот

Бузургон дар ситоиши матбуот

10-03-2017, 10:05

Бузургон дар ситоиши матбуот

Имрӯз бешак аз пеш маълум аст, мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».

«Бо забони содаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад. Зеро лафзи модарӣ муқаддас аст ва онро азизу гиромӣ бояд дошт».

«Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад».

«…Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва нашрияҳои даврӣ дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ бояд истиқлолият, ваҳдат ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми арзандаи худро гузоранд».

«Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Ба таъбири дигар, матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд. Имрӯз дар фаъолияти матбуоти мустақили Тоҷикистон, яъне дар фаъолияти онҳое, ки худашон рӯзномаву маҷалла, агентии иттилоотӣ, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онро мустақилона пеш мебаранд, унсурҳоеро мебинем, ки сазовори пайравӣ кардану омӯхтан ҳастанд».

«Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».

«Танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад.
Ман матбуотро ҳамчун унсури муҳими муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар маҳз аз ҳамин дидгоҳ мепазирам ва фаъолияти онро аз ҳамин нуқтаи назар арзёбӣ менамоям».

«Ҳақиқат мисли офтоб аст ва тавре мардуми мо мегӯянд, онро бо доман пӯшонида намешавад. Дар баробари ин ҳақиқат талх аст, ҳарчанд дар фарҷом меваи ширин ба бор меорад. Бинобар ин, ҳамеша ҳақиқатро гуфтан зарур аст. Вале танқид на дар асоси фармоиш ё ғарази муайян, балки танҳо дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад».
Пешвои миллат
Эмомалӣ РАҲМОН
***

«Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад».
Садриддин АЙНӢ
***

«Рӯзнома воситаест, ки ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад, навъи инсонро аз тасаввуроти ҳамдигарӣ мутталеъ менамояд, ба воситаи мутолиа ва тасодуми афкор масоили лозимаи маошия ва маодияро машрӯҳ месозад, тағйироту таҷдидоти ҳақиқатро ба олами ваҳму гумон ба арсаи шаҳодату баён меандозад. Мухтасар ин, ки рӯзнома беҳтарин асбобе аст дар нашру таъмими маориф ва муонасати банӣ навъи инсонӣ».
Аз «Бухорои шариф»
***

«Матбуот мактаби адабиёт ҳам ҳаст. Майдони фаъолияти публитсистии ман, майдони муборизаи ман барои умдатарин идеалҳои инсонӣ: сулҳу дӯстӣ низ матбуот аст».
Мирзо ТУРСУНЗОДА
***

«Сухани нав гуфтан, чизи наверо рӯйи коғаз офаридан нисбати кӯҳеро паст намудан мушкилтар аст. Ва ин чиз на ҳар касеро даст медиҳад».
Чингиз АЙТМАТОВ
***

«Журналистика ин як лаҳзаи аломати таърих аст».
Лев ТОЛСТОЙ
***

«Рӯзноманигор чун файласуф ба ҷуз ёфтани ҳақиқат ва пешкаши хонанда намудани он манзуре набояд дошта бошад, ба ин тафовут, ки дилро дар кори ақл дахолат намедиҳад ва бинобар он, метавонад маҳсули фикри худро ба дигаре бинмояд».
Муҳаммад ҲИҶОЗӣ
***

«Он ақида мутлақо ғалат аст, ки ҳар касе аз дасташ навиштан меояд, журналист аст. Умуман, ҳар касе, ки дар матбуот кор мекунад, ҳанӯз журналист нест. Журналист онест, ки кори матбуотро сарнавишти хеш қарор медиҳад. Баҳри инкишофи маҳорати касбиаш саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода, инро пеши худ қарз медонад, ба чизи дигар умедвор намешавад».
Иброҳим УСМОНОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Хабарҳо
ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ВАО сипари боэътимоди давлат аст

ВАО сипари боэътимоди давлат аст

Сиёсат
Конститутсия - кафили озодии сухан

Конститутсия - кафили озодии сухан

Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА