Дар як сатр
» » Таҷлили 1160-солагии рӯдакӣ дар ддб

Таҷлили 1160-солагии рӯдакӣ дар ддб

29-09-2018, 14:12

Бахшида ба 1160-солагии сардафтари адабиёти форсу тоҷик, Одамушшуаро, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конфронси илмиву адабӣ бо иштироки адибони хатлонӣ ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

- Ҳар нафаре, ки дар шеърнависӣ ба авҷи камол мерасад, боз ҳам мад-юни шеърҳои Рӯдакист, - зикр намуд Озар Салимов, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. - Ҳамаи шоирони сабки хуросонӣ ва ироқӣ зери таъсири шеърҳои устод Рӯдакӣ қарор доштанд. Баъди пажӯҳиш олимони адабиёти форсу тоҷик ба хулосае омадаанд, ки тамоми мазмуни шеърҳои Ҳофиз зери таъсири як байти Рӯдакӣ эҷод шудаанд.

Дар идомаи конфронс профессор Искандар Икромов дар мавзӯи "Рӯдакӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик” ва донишҷӯи соли чоруми факултели филологияи тоҷик Муборак Раҷабова дар мавзӯи "Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва жанри рубоӣ” маърӯза намуданд.

- Мабно ва маншаи шеъри форсии дарӣ аз шеъри устод Рӯдакӣ оғоз мешавад. Аз ҳамон ҷӯи Мӯлиён, ки то ҳанӯз "ҷорист”. Ҳарчанд, оҳанги худро дар шаклҳои гуногун дигар кардааст, вале лаззати чашмаи шеъри Рӯдакӣ боқист. Устод Рӯдакӣ дар шеър вусъате дорад, ки фаротар аз ин ҷаҳону осмонҳост, - иброз дошт профессор Рустам Тағоймуродов.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯён пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

Фарҳанг ва адабиёт

Қомат афрохтани муҷассамаи Рӯдакӣ

Хабарҳо
Мулоқот бо нависандаи халқӣ

Мулоқот бо нависандаи халқӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА