Дар як сатр
» » Ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо

Ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо

29-09-2018, 09:02

Дар нашриёти «Набӣ Фахрӣ»-и шаҳри Конибодом китоби нави журналист ва публитсисти шинохта Муқим Абдураҳмонов бо номи «Аз баҳор то хазон» рӯйи чоп омад.

Маҷмӯаи мазкур аз қисса, ҳикоя, очерк ва мақолаҳои сармуҳаррири собиқи нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳоло «Хатлон»), Корманди шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон М. Абдураҳмонов иборат буда, ба муносибати 80-умин солгарди ин рӯзноманигори шинохта ба табъ расидааст.

Ин китоби 320-саҳифаӣ аз чаҳор бахш – «Ёде аз устодон, дӯстон ва ҳамкорон», «Қиссаву ҳикояҳо», «Очерк ва мақолаҳо» ва «Садои қалби дӯстону ҳамқаламон» иборат аст. Дар маҷмӯа гулчини нигоштаҳои Муқим Абдураҳмонов бо сабку салиқа ва бардоштҳои хос рӯйи саҳифаи айём омадааст, ки навъе ҷамъбасти зиндагист ва онро метавон аз таълифоти муҳимтарини адиб муаррифӣ кард.

Муқим Абдураҳмонов аз зумраи рӯзноманигорони баном ва шинохташудаест, ки хизмати зиёда муҳимму сабақомӯз дар рушди журналистикаи ватанӣ анҷом додаанд. Муаллифи сарсухани маҷмӯа муҳаққиқ Субҳони Аъзамзод аз ҷумла нигоштааст, ки «Абдураҳмонов аз зумраи устодони собитқадами матбуот ба шумор рафта, толеи хуш аст, ки як насли рӯзноманигор худро парвардаи мактаби рӯзноманигорӣ ва эҷоди публитсистии шахсияти мавриди назари мо мешуморанд. Осори адабиву пуб-литсистии Муқим Абдураҳмонов ба манзури огоҳиву баҳрамандии густурдаи хонандагони сатҳи мухталифи ҷомеа эҷод шуда, аз онҳо бо маҷрои бебозгашти бунёдкорӣ ва созандагии наслҳои гуногуни замони муосир, табиату сиришти мардони камназири кору заҳмат, аҳли сиёсату иҷтимоиёт, фарҳанг, илм, адабиёт ва ҳунар ошноӣ пайдо кардан мумкин аст. Ин осор бо сабкҳои қобили таваҷҷуҳ ва созгор ба табиату сиришти мардуми кишвар эҷод шудаанд».

Дар ин маҷмӯа инчунин ёддошту табрикоти собиқ роҳбари дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдулваҳҳобов, сармуҳаррири собиқи рӯзномаи «Садои мардум» Б. Абдулвоҳидов, журналистони ҳамкору шогирдони соҳибноми муаллиф М. Абирӣ, С. Бобохонов, Б. Сайдалиев, Т. Бойбобоев, Н. Нурзод, М. Мақсудов, М. Мирзораҳматов, Г, Қосимзода, Т. Давлат ва дигарон ҷой дода шудааст.

Аз он ҷумла, Сайдалӣ Бобохонов - ҳамкору дӯсти Муқим Абдураҳмонов, ки дар замони сардабири нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» будан ба ҳайси муовини сармуҳаррир кор мекард, дар матлабаш «Пайғоме аз қалби шогирдон» навиштааст: «Ранҷбар аст ӯ, ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо. Солиёни дароз ранҷ бурду саҳифаҳо рангин кард, заҳмат кашиду шогирдон ба камол расонд. Ҳар доим мегуфт, ки пешаи рӯзноманигорӣ сангину вазнин аст,  на ҳар кас метавонад ин бори гаронро ба дӯш бигираду ба ҷое расонад. Муҳаққиқон муайян кардаанд душвории ин ҷодаро ва сахттар донистаанд азоби онро аз душвории кори нақбкан. Боз мегуфт, ки рӯзнома номаи рӯз  аст. Вале дар асл таърих аст. Бино бар ин даҳ бор мехонду боз ба муаллиф бармегардонд як мақоларо. Мехонду қалам мезад, таҳрир мекарду маслиҳат медод.

Соате баъд ё рӯзи дигар боз мепурсид муаллифро, аз нав мутолиа мекард он мақоларо. Агар писандаш наояд, менавишт андешаю мулоҳизоташро дар чанд варақ, зиёдтару беҳтар аз нигориши муаллиф».

Қобили зикр аст, ки «Аз баҳор то хазон» китоби 8-умини Муқим Абдураҳмонов ба ҳисоб меравад. Очерку ҳикояҳояш солҳои гуногун дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Истеъдодҳои ҷавон», «Обу ободӣ», «Поле подвига» чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои «Шаҳдрез», «Ситораи Вахш», «Вахшская долина» (ҳамроҳи шодравон Иноят Нас-риддин), «Хонаи дуюм» (соли 1983, дар бораи коргарони заводи трансформатори ш. Қӯрғонтеппа), «Абри сафед», «Дурахши ахтарон», «Чароғи афрӯхта» ва ғайра мебошад.

М. Абдураҳмонов 14 апрели соли 1938 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (1961) ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1975-1977) аст. М. Абдураҳмонов собиқ муҳаррири рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (1971-1975), «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҳақиқати Хатлон», «Навиди Вахш» (1979-1992), «Шуълаи умед» (1999-2000) мебошад. Вай инчунин дар идораи рӯзномаҳои «Коммунисти Исфара» (1956), «Тоҷикистони Советӣ» (1977-1978) кор кардааст. Солҳои 1993-1999 хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд буд.

Солҳои 1979-1992 якчанд навбат депутати Шӯрои намояндагони халқи собиқ вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Хатлон, раиси созмони вилоятии ИЖТ интихоб гардидааст. Корманди шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон (соли 1986) ва аз соли 1998 нафақахӯри шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявист.

Қобили зикр аст, ки Муқим Абдураҳмонов паҳнои пурфарозу нишеби зиндагӣ ва роҳи пурмуаммои фаъолияту заҳмати эҷодиро пушти сар карда, огаҳӣ ва баҳрамандӣ аз зуҳуроти зиндагии шахсӣ ва эҷодиаш барои насли замони мо муҳим арзёбӣ мешавад.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

Чеҳранигорӣ
«Хомаи созанда»

«Хомаи созанда»

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пайғоме аз қалби шогирдон

Пайғоме аз қалби шогирдон

Маориф ва илм, САИДАЛӢ БОБОХОНОВ