Дар як сатр
» » Инро ба касе гӯй, ки туро нашносад…

Инро ба касе гӯй, ки туро нашносад…

4-10-2018, 08:01

Умри инсон мисли оби дарё тезгузар аст. Дар ин муддати кӯтоҳи барои инсоният муайяншуда инсон бояд тарзе зиндагӣ намояд, ки дар дили одамон нақши некро монаду ӯро бо некӣ ба ёд оранд. Чӣ хеле ки шоир Абӯсаиди Абулхайр гуфтааст:

Ин умр ба абри навбаҳорон монад,

Ин дида ба сели кӯҳсорон монад,

Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,

Ангушт газидане ба ёрон монад.

Дар зиндагӣ боз нафароне низ ҳастанд, ки обрӯю мавқеи худро аз даст додаанду боз мехоҳанд, барои диққати дигаронро ба худ ҷалб намудан ба ҳар гуна дасисаву иғво даст зананд. Ба ин тоифа одамон ягон гуна муқаддасот, ба монанди миллату давлат, ору номус, шаъну шараф вуҷуд надорад. Ба ин тоифа одамон саркардагони ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мисол шуда метавонад, ки ватанро бо маблағу моли хоҷагони хориҷии худ фурӯхта, пешравии ватани азизи моро чашми дидан надоранд.

Рафтори ноҷавонмардонаи ин ашхоси аҳримантабиат дар ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башари САҲА тасдиқи гуфтаҳои болост. Чӣ тавре  ки аз расонаҳо хабар дорем, бархӯрди дар миёни як намояндаи ҳукумат ва фаъолони  мухолифин рухдода, ин иғвое  буд, ки мақсади он ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳайати мухолифон ташкил шуд ва бо ин иғво онҳо мехостанд, ки худро «ҷабрдида» нишон диҳанд. Боз шарм надошта ба идораи полиси Полша (Лаҳистон) аризаи даъвогӣ навиштаанд. Ба онҳо боз бо кадом роҳҳо дубора ҳаққи ширкат дар ин ҷаласа дода шуд, ин муаммост.

Хақ бар ҷониби сафири Тоҷикистон дар Полшаву Берлин Маликшо Неъматов аст, ки мақомоти САҲА набояд  аъзои созмони экстремистиро ба  як ҷаласаи ҳуқуқи башар  роҳ медоданд. Ҳол он ки онҳо медонистанд,  баъди ошӯбҳои мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 ин ҳизби террористиву экстремистӣ  дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шуда буд. Дар охир, сафир умед дорад, ки полиси Полша ба ин ҳодиса баҳои ҳақиқӣ медиҳад, чунки чанд узви мухолифин ба ин ҳодиса қаноат накарда, ба дигар ҳаракатҳои ҷинояткорона даст заданд. Намояндагони мақомоти Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар Варшава гуфтанд, муноқишае, ки рӯзи 11-уми сентябр  миёни ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифон рух дод, мавриди санҷиши масъулони САҲА қарор дода шуд. Дар ҷаҳон дигар ягон ҳиллаву найранге намондааст, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш истифода набурда бошанду тирашон хок нахӯрда бошад. Шахсе, ки барои ҳадафҳои ғаразноки худ ба ҳама кор қодир асту тамоми дилу нияти нопоки ӯ ба фитна олуда ва мақсадҳои ғаразноки ӯ дар вуҷуди ӯ хислати инсонгариро надорад, чӣ тавр бо вай дар сари мизи мулоқоту гуфтушунид нишаст. Собиқ ҳаммаслаконаш тамоми дилу ниятҳои нопоку ғаразноки ӯро фош намуданд, боз чӣ хел далел лозим бошад?

Ватангумкарда озодӣ наёбад,

Ҷаҳон ёбад, вале шодӣ наёбад.

Ба чунин ашхоси аз ватану мазҳабу миллат дасткашида ва хиёнаткарда дигар ягон чизи муқаддас намондааст. Миллати моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба муқобили чунин нохалафон муборизаи оштинопазир барем ва нагузорем, ки чунин нохалафон ба мақсадҳои нопоки худ расанд.

 

Исломиддин Нарсов,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат

Ҳамоиши ватангадоён

Номаҳои Шумо

Ҳамоиши беҳамиятон

Хабарҳо

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо

Иғвоангезӣ бо услуби аҷнабӣ

Хабарҳо