Дар як сатр
» » Лоиҳа бо муваффақият ба анҷом расид

Лоиҳа бо муваффақият ба анҷом расид

28-09-2018, 09:57

Лоиҳаи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон таҳти унвони "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон” дар доираи ташаббуси "Озуқворӣ ба хотири оянда”аз ҷониби  Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дастгирии молиявӣ ёфта, ба фаъолияти расмии он моҳи октябри соли 2014 оғоз бахшида шуд. Татбиқи лоиҳа дар аввал ҳашт шаҳру ноҳияи ҳадафии вилояти Хатлон (Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс)-ро дар бар мегирифт. Баъдан соли 2017 ба минтақаҳои фарогири лоиҳа боз панҷ шаҳру ноҳияҳои вилоят (Левакант, Хуросон, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Ёвон)  зам карда шуд.

Мақсади лоиҳаи "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон” паст намудани сатҳи камбизоатӣ тавассути ҷамъ намудани иқтидори занон дар силсилаҳои ташаккули арзиш ва ҷалб гардидани онҳо, баробарӣ, дастрасӣ ва идоракунӣ мебошад.

Татбиқи амалии лоиҳаи мазкур аз фаъолиятҳои зерин иборат буд ва лоиҳа дар ин давра ба ҳамаи нақшаҳои пешбинишуда ноил гардид:

- пешбурди занони аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол бо мақсади фаъол гардонидани онҳо тавассути доир намудани бизнес- тренингҳо, курсҳои касбӣ ва фокус- гурӯҳҳо дар тамоми минтақаҳои фаъолияти лоиҳа;

- васеъ ва беҳтар гардонидани муҳити кории занҳои соҳибкор, аз  ҷумла ҳаракат дар самти сатҳҳои нисбатан баланди силсилаи ташаккули арзиш, инчунин инкишоф дар намуди ташаккули маҳсулот  ва хизматрасониҳои нав, зиёд намудани  ҷойҳои корӣ ва машғул будан бо даромаднокӣ, бақайдгирӣ  фаъолиятҳои пештар ба қайд гирифтанашуда;

- ба даст овардани муносибати мусбӣ ба занҳои соҳибкор тавассути баргузории чорабиниҳои таълимӣ байни занон, ҷавонон, ҳамкорӣ бо Ҳукумат.

Дар давоми чаҳор соли сипаригардида 7 ҳазор нафар сокинон, асосан занон аз лоиҳаи "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон” баҳравар шуданд. Дар ин давра 240 маротиба бизнес-тренингҳо, 160 омӯзишҳои касбии гуногун ва кӯтоҳмуддат (дӯзандагӣ, пазандагӣ, машшотагӣ ва монанди инҳо) 132 маротиба агротренингҳо ва рӯзҳои кушоди саҳроӣ ташкил ва гузаронида шудааст, ки дар онҳо беш аз 7 ҳазору 700 нафар иштирок намудаанд.

Ҳамчунин татбиқи лоиҳа ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорзанон, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ, кашфи захираҳои тиҷоратии нав, таъмини рушди дастрасии занон ба бозорҳо, молия ва технологияҳо равона карда шуда, дар ин самтҳо низ як қатор мизҳои мудаввар ва вохӯрию мулоқотҳои судманд бо сохторҳои назоратии давлатӣ гузаронида шуд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муайянгардида, аз моҳи октябри соли 2014 то октябри соли 2018 лоиҳа ба чунин нишондиҳандаҳо ноил гардид:

- 425 нафар занон фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуданд;

- 569 нафар занон фаъолияти соҳибкории худро рушд доданд;

- 47 нафар занон фаъолияти соҳибкории худро расман ба қайд гирифтанд;

- 127 нафар занон маслиҳатҳои инфиродӣ ва ёрии амалии ҳуқуқӣ гирифтанд;

- 133 нафар занон маслиҳатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ гирифтанд;

- 24 нафар занон бо гармхонаҳои ҳозиразамон таъмин карда шудааст, ки дар онҳо истеҳсоли навниҳоли сабзавоти барвақтӣ бо таври муосир ба роҳ монда шудааст.

Дар ин баробар лоиҳа барои бонувон марказҳои омӯзиши адрасбофӣ ва дӯзандагӣ дар шаҳри Бохтар, дӯзандагӣ дар ноҳияи Қубодиён, қаннодӣ ва ҳушккунии мева дар ноҳияи Вахш таъсис дод. Ҳадаф аз ташкили марказҳои омӯзишӣ – ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила дастгирии онҳо дар самти оғоз ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ҳамчунин, ин марказҳо барои коҳиш додани сатҳи бекории занон дар деҳот, фаъолгардонии онҳо ба касбомӯзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои  иқтисодӣ ва ба соҳибкорӣ рӯ овардани онҳо нигаронида шудааст.

Вилояти Хатлон, ки минтақаи калонтарини аграрии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, яке аз сарчашмаҳои асосии даромади аҳолӣ истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ин аст, ки дар ҳудуди ноҳияҳои пилотии лоиҳа, қитъаҳои намоишии истеҳсоли қулфинай ба таври муосир, парвардахонаи истеҳсоли навниҳолҳои хушсифати қулфинай, гармхонаҳо барои истеҳсоли кӯчатҳои сабзавоти барвақтӣ бо усули муосир ташкил карда шуда, ба ихтиёри бонувон вогузошта шудааст.

Барои баланд бардоштани малакаю маҳорат, мубодилаи таҷриба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва беҳтар намудани даромади молиявии соҳибкорзанон  114 нафари онҳо ба сафарҳои омӯзишии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла асосан вилояти Суғд ва 51 нафари онҳо ба сафарҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба кишварҳои Туркия, Латвия, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода шуданд.

Озмуни Бонуи соҳибкори сол Ҷоизаи "Фараҳ”  ҳар ду сол як маротиба дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шуда, муаллифи ғояи он Раиси Раёсати Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон  Гулбаҳор Маҳкамова мебошанд.   Дар давраи тадбиқи лоиҳаи болозикр низ дар солҳои 2016 ва 2018 баргузор намудани ин озмуни бонуфуз рост омад, ки дар он қариб 8 ҳазор соҳибкорзанони мамлакат ширкат варзиданд. Ин барои худбаҳодиҳӣ ва муаррифии баҳрагирандагони лоиҳа низ хеле имконияти  хуб буд. Онҳо дар баробари дигар соҳибкорзанон дар озмун иштирок намуда, бархеашон ба ғолибият мушарраф гардиданд.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон озмуни ҳунармандии "Армуғон-2017” гузаронида шуд, ки шумораи зиёди соҳибкорзанонро ба ҳам овард. Ба ғолибони ин озмун лавозимоти корӣ, аз ҷумла мошинаи дарздӯзӣ ва ғайра, ки дар фаъолияти соҳибкориашон зарур буд, ҳамчун туҳфа ҳадя карда шуд. Ҳамчунин онҳо барои мубодилаи таҷриба ва бозомӯзӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари омӯзишӣ намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки лоиҳа ҳамзамон имконоти шабакавиеро фароҳам овардааст, ки занони тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷрибаҳои муваффақ ва ғояҳои  худ миёни ҳам табодули назар мекунанд, аз якдигар меомӯзанд ва роҳхои ҳалли мушкилоти пешомада дар тиҷоратро бо маслиҳату машварат бартараф месозанд. 

Роҳандозӣ гардидани лоиҳаи "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон” дар оғоз ва рушди соҳибкории занон дар вилояти Хатлон заминаи боэътимод гузошта, дар таъмини устувории он нақши калидӣ дорад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Озмуни “Армуғон-2017” ҷамъбаст гардид

Озмуни “Армуғон-2017” ҷамъбаст гардид

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ
Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Озмуни «Бонуи соҳибкори сол»

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА