Дар як сатр
» » Кабирӣ ва ҳаммаслакони иғвогари ӯ чӣ мехоҳанд?

Кабирӣ ва ҳаммаслакони иғвогари ӯ чӣ мехоҳанд?

3-10-2018, 06:56

Барои пойдории сулҳу суботи Тоҷикистон кам заҳмат сарф нашудааст. Сулҳофарии тоҷикон барои дигар давлатҳо намунаи ибрат ва омӯзиш аст. Созмони Милали Муттаҳид барои ин иқдоми нодири сулҳофарии тоҷикон баҳои баланд дода, ба дигар давлатҳо дастур дода шуд, ки аз ин таҷрибаи нодир дар кишварҳои худ истифода баранд.

Аммо имрӯзҳо, чуноне ки телевизион тамошо мекунем, дар минтақаҳои гуногуни олам хавфу таҳдид, оташи ҷангу низоъҳои маҳзабӣ давом карда, одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд. Имрӯз тамоми мардуми кишвар шоҳид аст, ки назҳатиён бо мазҳаби худ чӣ карда истодаанд.

Изҳороти яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов дар як намоиши телевизионӣ пурра сирру асрори ҳизбиёни моҷароҷӯ, фитнаангез, ҷудоиандози миллатро фош кард. Аз суханронии ӯ мақсади нопоки саркардаҳои Ҳизби наҳзати ислом ва ҷонибдоронаш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ошкор шуданд, ки одамон кӣ ва чӣ будани таъсисгари онро фаҳмиданд.

Мардум имрӯз роҳбари собиқ ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабириро, ки дар давлатҳои гуногуни  олам, аз ҷумла дар давлатҳои Осиё ва Аврупо баромад карда, бо факту далелҳои беасос роҳбарони мамлакати моро бадном карданӣ мешаванд, бояд бидонанд, ки умри туҳмату буҳтон кӯтоҳ аст. Ӯ аз номи мубораки дини мубини ислом ба манфиати худ сухан ронда, бо ин амал бегуноҳии худ-ро исбот карданӣ мешавад. Кабирӣ бояд дарк кунад, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон кӣ будани ӯро ба  хубӣ медонанд. Ҳоло солҳои навадуми қарни бист нест, ки одамон ба шумо зуд бовар кунанд. Мардум то имрӯз аз чандин санҷиш гузашта, акнун неку бадро ба хубӣ фарқ мекунанд.

Он чиз ташвишовар аст, ки қавму миллатҳо барои васеътар  доман паҳн кардани фаъолияти онҳо имконият фароҳам меоваранд. Ҳадафи давлати мо бақои инсоният, пешгирии ҳама гуна низоъ, таъмини сулҳу субот аст. Вале оғози ҳазораи сеюм ноором буда, ба сари инсоният мушкилоти зиёд, моҷароҳои сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои мазҳабиро пеш овард. Як қатор давлатҳои дунё, ба монанди Сурия гирифтори ҳамин гуна моҷаро гардида, оқибат аз ҷанг хароб гашт.

Мо тавассути телевизион тамошо карда, аз матбуоти даврӣ мутолиа менамоем, ки дар чандин давлатҳои мусалмоннишин бар асари дахолати хориҷиён манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо, маҳалҳо сӯхтаю валангор гашта, одамони бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд. Ин моро водор менамояд, ки ба ваҳдат, сулҳу дӯстии байни одамон аз ҳарвақта дида бештар ва ҷиддитар эътибор диҳем.

Мо-тоҷикон аз чандин санҷишу имтиҳонҳои зиндагӣ гузашта, мушкилоту харобкорӣ, биноҳои сӯхтаю валангоршударо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дида, дар барқароркунии онҳо даҳсолаҳо заҳмат кашидаем. Бо камоли ифтихор бояд гуфт, ки имрӯз мардуми мо дар атрофи Роҳбари хирадманди худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид буда, ҳадафҳои стратегии давлатро ҳифз карда, ба дастовардҳои арзандаю сазовор соҳиб мешаванд. Вобаста ба талаботи замон, ташаккули тафаккури одамон муҳим буда, аз ин ҷиҳат корҳои тарбиявӣ бояд вусъат дода шавад. Дар маҷмӯъ, мақсаду мароми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии одамон мебошад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик ба сафи ҷангчиёни ҳаракатҳои террористиву ифротгаро ҳамроҳ шуда, дар муҳорибаҳои давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд, ки ин ниҳоят ташвишовар мебошад. Бинобар ин, як қисми онҳо дастгир шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Наҳзатиён аз ҳодисаҳои хунини соли 1992 хулоса набароварда, бо найрангу фиреб ва фитна мехоҳанд одамонро ба мисли солҳои навадуми қарни бист, барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан, ба майдон кашанд. Вале одамон дигар ба доми ин найрангбозони сиёсӣ намеафтанд. Мардуми шарифи ҷумҳурӣ аз найрангҳои онҳо огоҳ гашта, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ватанро аз наҳзатиёни хиёнаткор ҳушёрона ва устуворона муҳофизат менамоянд.

Бояд дар ин рӯзҳои тинҷу осуда он лаҳзаҳоеро низ ба хотир оварем, ки оламиён мамлакати моро чун макони ҷангзада тавассути телевизион тамошо карда, барои хотима бахшидан ба он андешаронӣ менамуданд. Он солҳои фалокатбор бо ранҷу  заҳматҳои зиёди Сарвари давлат ватанамон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Имрӯз ҳам баъзе хоинони миллат ба мисли Муҳиддин Кабирӣ бо кумаки зархаридони хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси Кабирии роҳгумзада аст, ки имону мазҳаби худро фурӯхта, теша бар решаи хеш мезанад. Амалҳои нангини террористиву ифротгароӣ барои дини мубини ислом бегона мебошад. Вале тангназарону ҳокимиятхоҳон исломи покро бо ғаразҳои сиёсии худ омехта карда, баҳри ноором сохтани давлатҳои алоҳидаи олам истифода бурда истодаанд. Ин бадхоҳони миллат бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноку хатарноки худ аз расонаҳои хабарӣ, шабакаи интернет истифода карда, ғояҳои экстремистиро таблиғ намуда, сафи худро аз ҳисоби ҷавонон афзун кардан мехоҳанд. Вале ҷавонони хушбахту соҳибсаодати мо зиракӣ, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо гурӯҳи ифротгаро ҳамроҳ нашуда, ҳифзи муқаддаси ватанро аз гӯшаи имон медонанд. Муҳиддин Кабирӣ барин хоинони миллат дастовардҳои кишвари биҳиштосоямонро нодида мегиранд. Онҳо дарбадар гашта, аз ҳақиқат чашм мепӯшанд, бо бофтаҳои хаёлӣ Сарвари давлат ва ватани соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни моро ба таври ғаразнок туҳмат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона чунин мегӯяд: "Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои  фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд”.

Фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри озодию ободӣ, оромиву осоиштагӣ, ҳаёти хушу хуррам мерасанд.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ айби худро надида, аз пайи ҷустани айби дигаронанд. Бояд бадхоҳони миллат бидонанд: "Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад”. Гузаштагонамон низ беҳуда нагуфтаанд:

 

Бад макун, ки бад афтӣ,

Чаҳ макан, ки худ афтӣ.

Б. САЙДАЛИЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дурӯғгӯйӣ торикии имон аст!

Номаҳои Шумо

Дурӯғгӯӣ торикии имон аст

Хабарҳо
Бадхоҳони миллат ба мақсад нарасанд

Бадхоҳони миллат ба мақсад нарасанд

Ҳуқуқу амният
Ношукрро намаки Тоҷикистон мезанад

Ношукрро намаки Тоҷикистон мезанад

Мусоҳибаи мо, БОЙМУРОД САЙДАЛИЕВ
Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

Сиёсат