Дар як сатр
» » Моро бо чӣ метарсонанд?!

Моро бо чӣ метарсонанд?!

2-10-2018, 08:00

Соли сипаришуда пур аз таҳаввулоту рӯйдодҳо ва дигар шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмилалӣ буд. Ба вуҷуд омадани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик, алалхусус буҳрони Афғонистон, Ироқ, Сурия, Баҳрайн, Яман ва бархе аз кишварҳои африқоӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайри-қонунии воситаҳои нашъаовар ва силоҳ, шиддат гирифтани мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ, хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи инсон ва равобити байналмилалӣ заминагузорӣ намуд.

Ҳодисаҳои охирини ҷаҳон бори дигар исбот намуданд, ки набудани мақсаду мароми ягона, истифодаи стандартҳои дугуна ва нигоҳ ба гурӯҳҳои таҳрибкор дар байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубориза бо ин зуҳуротро кунд кардааст. Доираҳои фурсатталаб аз заифии як ҷомеа ва надоштани ҳомии қавии бозингари сатҳи ҷаҳонӣ, маҳрум будан аз қудрати муҳофизатӣ, надош-тани силоҳҳои замонавии дурбурд истифода бурда, қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба он кишвар бо баҳонаҳои гуногун ҳуҷум мекунанд, ба нобудшавии қавму миллат, инфрасохтор, ғорати сарвати моддию маънавӣ, таҳриб ва маҳви фарҳангу оинҳо сабаб мешаванд, ки инро дар мисоли мамлакатҳои дар боло зикрнамудаамон дида метавонем. Омилҳои пайдоиш ва хуруҷи ин нобасомониҳо исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиди умумӣ ба ҷомеаи башарӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Гарчанде сиёсати давлатии Ҳукумати мамлакати мо дар доираи ҳусни тафоҳум ва эҳтиром ба арзишҳои миллию байналмиллалӣ асос ёфта, бо ягон давлат ва фарҳангу ҷомеа нияти бад ва таҳдид надорад, аммо аз тоифаҳои бадхоҳу ҳасуд эмин намондааст...

Воқеаҳои рӯзҳои охир нишон доданд, ки ҳодисаҳои чанде қабл ва пеш аз он низ силсилаи як занҷиранд, доираҳои бехирад ва нисбати миллату давлати мо бадандеш ба хотири устувор кардани қудрати худ дар мамлакати мо ва минтақа аз ҳеҷ амалу кирдор рӯй наметобанд ва дар бисёр маврид маслиҳатандеши ҳамаанд. 

Бо мақсади амалӣ кардани кирдори зишти худ зери парчам ё либоси дигарон медароянд ё шиорҳои гуногунро истифода мебаранд, то ин ки махфӣ боқӣ бимонанд. Тинҷию амонӣ, озодию истиқлоли комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳамақида будан ва муттаҳидии мардуми мамлакат бо барномаҳои дурандешона, созанда ва мардумсолоронаи ҳукумати миллӣ, бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бо мароми иқтисодӣ, рашку ҳасади чунин доираҳоро овардааст, ки онҳо имрӯзҳо ором нишаста наметавонанд.

Гурӯҳакҳои бадандеш мехостанд, ки бо ин амалҳои худ ҷомеаи ҷаҳониро тарс диҳанд, нишон диҳанд, ки ҷомеаи мо чандон воҳиду мамлакатамон амн нест, мардуми мо нисбати дигар халқу миллатҳо дидгоҳи нек надоранд ва аз татбиқи барномаҳои созанда ва дидгоҳи сиёсии ҳукумати ватани худ норозианд, умуман, тоҷикон миллати таҳаммулпазир ва меҳмоннавоз нестанд. Хулоса, аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноӣ як ҳадаф доштанд: ноором кардани субот, ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Вокуниши ҷомеаи кишвар ба ин кирдорҳои нангин ба чашми саркардагону тарроҳони он хок пошид ва гувоҳӣ аз он дод, ки чунин нест, баръакс, миллати куҳанбунёд, фарҳангофар ва суннатии мо тинҷию амонӣ ва эҳтиром ба дигар миллату фарҳангҳоро болотар аз дигар арзишҳо мегузоранд ва зидди ҷанг ва харобкорӣ мебошанд. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконият фароҳам оварданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат аъзоёни гурӯҳҳои тахрибкорро дастгир ва безарар гардонанд. Миллати мо   дар гузаштаи начандон дур шаҳди чунин бегонапарастию парокандагӣ ва ҳамдигарнофаҳмиҳоро чашидааст, аз ин сабаб ҳамеша ҷонибдори сулҳу амонӣ, ҷонибдори ҳукумати устувори миллӣ, ҷонибдори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Гурӯҳҳои тахрибкору бегонапараст дар ягон гӯшаи ватани мо дигар макони амн ва пойгоҳи мувофиқ, инчунин дар ҷомеа тарафдор ёфта наметавонанд.

Талошҳои якҷоя ва дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои сулҳу субот ва амният асоси эмин нигоҳ доштани сайёра аз экстремизм ва терроризм мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як тоҷик ва мусалмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти ватани азизамон шукр намуда, алайҳи террористу экстремистҳо, ки номи миллату давлати моро ба бадӣ олуда кардан мехоҳанд, бетараф набошад.

М. Абдуқодирзода,

сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар

вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Сиёсат
Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Сиёсат
Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Ватандорӣ аз имон аст

Ватандорӣ аз имон аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо