Дар як сатр
» » Дар корҳои ободонӣ саҳм мегиранд

Дар корҳои ободонӣ саҳм мегиранд

26-09-2018, 10:42

Дар ҳашт моҳи соли 2018 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилояти Хатлон ба андозаи 100,0% таъмин гардид.

Ба ҷойи  847 миллиону 362,5 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 847 миллиону 716,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 354 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2017 воқеӣ ҷамъоваригардида ба андозаи 85,8 млн. сомонӣ ё худ 11,2% бештар мебошад.

Кормандону масъулини мақо-моти андоз дар ин баробар корҳои ободониро бахшида, ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда, ҷидду ҷаҳд доранд, ки гирду атрофи бинои маъмурии идораро зебову сабзу хуррам гардонанд. Рӯзи шанбеи гузашта ҳамагон ба ҳашари умумӣ баромада, заминҳои назди мақомотро нарм намуда, ҳаргуна гулҳои ороишӣ шинониданд.

Дар ин хашар тамоми кормандони мақомоти андози вилоят ширкат варзиданд. Ҳамчунин, бинои маъмурии мақомот пурра таъмиру тармим гардида, бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ходимони андоз дар шароити мусоид фаъолияти хешро идома диҳанд. То анҷоми ҷамъбасти моҳи сентябр, яъне ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли равон рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, нозирони мақомоти андози вилоят баҳри сифатнок таъмин намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2018” тамоми донишу малакаи худро равона месозанд.

Зафарҷон АЗИЗОВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо
Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мушкили норасоии дастгоҳи томографӣ бартараф мешавад

Мушкили норасоии дастгоҳи томографӣ бартараф мешавад

Тандурустӣ ва экология
Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Иқтисоду тиҷорат
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо