Дар як сатр
» » Ҳамадонӣ. Омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ

Ҳамадонӣ. Омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ

28-09-2018, 12:38

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии  "Созандагони Ватан” роҳпаймоии  ҷавонон таҳти шиорҳои "Хизмат шараф аст”, "Садоқат ба Президент”, "Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - вазифаи  ҳар як шаҳрванд” баргузор гардид.

Илёсиддин Набиев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи "Хатлон” гуфт: "Роҳпаймоии ҷавонон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018, №1095 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” гузаронида шудааст. Роҳпаймоӣ аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз  шуда, то қисми низомии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома ёфт”, - афзуд ӯ.

- Мо-ҷавонон хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намуда, содиқ будани худро ба ватан, давлату миллат нишон медиҳем, - иброз намуд Н. Бобокалонов, аскари  қаторӣ. Дар идома илова намуд, ки таъмини бехатарӣ, амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу  субот дар кишвар маҳз  аз артиши миллӣ  вобастагӣ дорад.

Бино ба иттилои манбаъ, иштироккунандагони роҳпаймоӣ аз қисми низомии мазкур дидан намуданд. 

Ф. БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА