Дар як сатр
» » Олами рангини Ҳиндустон дар Хатлон

Олами рангини Ҳиндустон дар Хатлон

29-09-2018, 10:20

Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишу фурӯши молу маводи Ҳиндустон доир гардид. Чорабинии мазкур, ки аз 23 то 30 сентябри соли 2018 идома меёбад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  сурат гирифт.

Дар рӯзи ифтитоҳи намоиш - фурӯши маҳсулоти кишвари Ҳиндустон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва палатаи савдо ва саноати вилоят ширкат доштанд. Тавре ки Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии худ ҳамкориҳои густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байни ҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Баргузор гардидани чорабиниҳои мазкур дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати оқилонаи дарҳои кушодаи  Роҳбари давлати мо баҳри  равобити дӯстонаю ҳамкориҳои дуҷониба миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Сокинони маркази вилоят ва шаҳру навоҳӣ лаҳзае ба олами рангину афсонавии мардуми ҳинд ворид гардиданд. Зеро дар ин намоиш маҳсули дастони ҳунармандони ҳинд, аз ҷумла, мизу курсиҳо, маҳсулоти заргарӣ, либосҳои кӯдакона, пойафзол ва дигар маҳсулоти ғизоӣ ба фурӯш бароварда шуд. Садои мусиқӣ, рақсу сурудҳои мардуми ҳинд бо оҳанги ҷаззоби хеш диққати иштирокдорони намоишро ба худ ҷалб намуда, ҳамарӯза садҳо нафар аз ин намоиш дидан менамоянд.

ВАХШОНА, "Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек аз нав эҳё мегардад

Ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек аз нав эҳё мегардад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Арсаи кишоварзӣ
Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон

Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ