Дар як сатр
» » Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

6-03-2017, 14:27

Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

Суҳбати ихтисосии рӯзномаи «Хатлон» бо Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар пешорӯи 8 март - Рӯзи модар

- Симои зани муосири тоҷикро чигуна тасвир метавонед кард?

- Сараввал, мо - занону бонувон бояд шукргузорӣ аз ғамхориҳои Роҳбари давлатамон кунем. Зеро он кас дар ҳар як баромадашон ба масъалаҳои занон таваҷҷуҳи махсус мекунанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд: «Мо мехоҳем, ки занони Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд, зеро онҳо дар баробари ин ки тарбияткунандаи миллат ҳастанд, оина ва зевари миллати сарбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо низ мебошанд. Занон зевари миллатанд».

Ҳамин ғамхорӣ ва арҷгузорӣ нисбати зани тоҷик боис гардид, ки онҳо бо доштани чунин мақому манзалат ва қадршиносӣ тавонистанд дар сафи аввали бунёдкорони ҷомеаи навини мо қарор гиранд ва имрӯз занони вилоят дар як радиф бо мардон баҳри татбиқи сиёсати давлат фаъолияти густурда доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудааст: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

- Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба тарбияи кадрҳои шоиста аз ҳисоби бонувон таъкид медоранд. Бо дастгирию ибтикори Сардори давлат имрӯз шумораи зиёди занонро дар мақомҳои роҳбарикунанда мебинем. Аз нигоҳи Шумо, ба занон иҷрои масъулияти роҳбарӣ то куҷо осон даст медиҳад?

- Ҳар як роҳбар ва масъули давлатӣ бояд мисли падару модар, яъне ғамхору ҳамзамон серталаб, дилсӯзу ҳидоятгар бошад. Роҳбар бояд ҷаҳонбинии васеъ, донишҳои универсалӣ дошта, зиндагии муосирон, донишҳои асрӣ, маърифати олиро омӯхтаю бо вуҷуди хеш онро дарк намояд, бо назарияи сохтмони ҷомеаи идеалии ҳамзамононаш ошноии комил дошта бошад. Забонаш фасеҳу мардумӣ буда, зудкор ва посухаш қотеъ, ниҳодаш адолатпараст будаву одоби олии муошират-ро бидонад ва асло аз пайи бадию бадкорӣ наравад.

Тақдири халқу Ватан бояд сарнавишти ҳар як инсон бошад. Имрӯз cиёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаро ифода мекунад. Вай таъмини баробарии зану мард, ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, манфиати сохторҳои миллии давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои ҷомеаи кушодаро аз вазифаҳои муқаддаси худ мешуморад. Дар ин кор ҳамаи мо бояд дастёру мададгори Роҳбари муаззами давлатамон бошем.

Дар Паёми навбатии хеш низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки агар имрӯз шумораи занон дар сохторҳои давлатӣ 23%-ро ташкил диҳад, ин шумора то соли 2030 бояд ба 40% расонида шавад. Ҳамчунин Пешвои миллат ироа доштанд, ки барои занон дар корхонаву идораҳо квотаҳои махсус ҷудо карда шавад. Ин ҳама ғамхориҳо барои занон шароитҳои корӣ фароҳам меорад. Дар ҳақиқат, имрӯз соҳае нест, ки мо онро бе иштироки зан тасаввур кунем. Имрӯз зан дар баробари модариву ҳамсарӣ, инчунин омӯзгор, табиб, роҳбалад, муҳандис, муҳосиб аст ва дар ҳама арса нақши дастони зан-модар баръало ҳис карда мешавад.

Дар баробари ҷалби бештари занон ба идоракунии давлатӣ зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати доимӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намоем.

- Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки аксаран мардсолорӣ ҳукмфармост, то куҷо занон барои карйерасозӣ ва роҳбарӣ имкони баробар бо мардонро доранд?

- Хуб медонем, ки истиқлолияти кишвар барои мо - занон ҳама чизро ато кард.

Истиқлолият барои занон озодию ободӣ, бунёдкориву созандагӣ дод ва дар маҷмӯъ, нақшу мақом дод, ки мо - бонувонро хеле сарфароз месозад. Имрӯз танҳо дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 200 нафар зан дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки дар баробари мардон муовинии раиси вилоятро як зани соҳибилм ва роҳбарии ду ноҳияро низ дар баробари мардон ду нафар зани ташкилотчӣ ба уҳда доранд. Раёсати ҷавонон, чандин осорхонаву китобхонаҳои шаҳриву вилоятӣ, шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Агентии шуғли аҳолӣ, соҳаи алоқа, кино ва ғайраҳоро дар вилояти Хатлон занон роҳбарӣ мекунанд. Ин теъдод ва рақамҳои оморӣ дар солҳои оянда низ бо кумаку ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбари давлат боз ҳам афзоиш меёбад.

- Барои Шумо, ки солиёни дароз дар мақомҳои роҳбарикунанда кор мекунед, ҳамзамон иҷрои масъулияти модарию ҳамсарӣ мушкил нест?

- Дар ҳақиқат, дуруст қайд кардед, барои зане, ки роҳбар аст, иҷроиши корҳои хизматӣ, уҳда кардани хона ва вазифаҳои модарию ҳамсарӣ масъулияти бештар металабад. Пеш аз ҳама, миннатдор ҳастам аз Роҳбари давлат ва роҳбарияти вилоят, ки ба мо - занҳо бовар доранду таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Вазифаҳои роҳбариро месупоранд. Мо агар дар маҷмӯъ бигирем, занҳои деҳотӣ ҳастем, зеро ҳама ноҳияҳои ҷануби кишвар аз марказ фарсахҳо дуранд. Оила ҷойи муқаддас аст ва дар ҳар давру замон манфиати оиларо ман аз ҳама чиз боло мегузорам. Дар пешравии кори камина нақши ҳамсари азизам низ ҳаст, зеро мо ҳамдигарро дарк ва дастгирӣ мекунем. Ман соҳиби ду фарзанд ҳастам. Аллакай онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Духтарам омӯзгору табиб аст ва писарам иқтисодчист. Ҳарду соҳиби оилаи ободу фарзандони дӯстрӯ ҳастанд. Фикр мекунам, каме ҳам бошад, дар баробари хизматчии давлатӣ буданам, бо ҳамсарам якҷоя дар таълиму тарбияи фарзандонам саҳм гузоштаем.

Ҳақ ба ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гуфтааст: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».

- Ҳар ҷое, ки Шумо роҳбар кор кардаед, бо ҳамкории бисёр наздику созандаатон бо ВАО вирди забонҳо шудаед. Мисоли равшанаш таъсиси маҷаллаи «Бонувони Фархор» аст, ки ба масъалаҳои занони ноҳия марбут мебошад…

- Сараввал бояд бигӯям, ки мо ҳамеша бо ВАО ҳамкорӣ дорему хоҳем дошт. Баъдан, каму беш истеъдоди навиштан низ доштам, гарчанде аз рӯйи ихтисос ҳуқуқшинос ҳастам, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ мебошам. Вале таҷрибаҳои зиёди кории беш аз 10-солаи банда ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Фархор бештар байни занону бонувон даст дод, ки як маҷаллаеро бо номи «Бонувони Фархор» таъсис диҳем. Шумораи бонувони Фархор он замон 51%-и аҳолиро ташкил медод, яъне нисбат ба мардон зиёдтар буданд. Ногуфта намонад, ки занон низ дар ҷамъият неруи бузург ҳастанд. Мо ба воситаи ҷалби занҳо метавонем корҳои зиёдеро дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ба сомон бирасонем. Аз ҳамин хотир, тасмим гирифтем, ки маҷаллаи сиёсию ҷамъиятӣ ва фарҳангиро барои бонувони Фархор дар арафаи Рӯзи модар 6-уми марти соли 2014 ба табъ расонем. Ин иқдом аз тарафи занҳои меҳнаткаши фархорӣ хуб пазируфта ҳам шуд. Зеро ин минбар ба онҳо имкон дод, ки бурду бохти кору ҳаёти хешро инъикос созанд.

- Имрӯз, ки масъулияти роҳбарии занони вилоятро ба дӯш доред, роҳандозии чунин маҷаллаи вижаро барои бонувони Хатлон низ дар назар надоред?

- Таҷрибаи таъсиси «Бонувони Фархор» ба камина бори дигар даст дод, ки аз оғози кори хеш ба ҳайси сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон маҷаллаеро бо номи «Бонувони Хатлон» таъсис диҳем. Зеро имрӯз беш аз 1 миллиону 513 ҳазору 700 нафар аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд. Гарчанде имрӯз маҷаллаву рӯзномаҳои зиёде дар вилоят ба нашр мерасанду тамоми паҳлуҳоро инъикос мекунанд ва хонандаи худро доранд, барои иттилоъ додан шояд ҳанӯз кифоя набошад. Ин маҷалла ба занони соҳибкасбу соҳибмаълумот ва деҳотӣ бахшида хоҳад шуд. Бигзор ин маҷалла минбаре бошад, ки дастовардҳои занони моро дар тамоми соҳаҳо, мушкилоти онҳоро ба мардум бирасонем. Аввалин шумораи ин маҷалларо мехоҳем дар арафаи Иди модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик ба бонувони вилоят тақдим созем.

- Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои дастгирии бонувони боистеъдод ва ҳунарманд чӣ гуна иқдому идеяҳо дорад?

- Имсол иқдоми дигаре, ки Раёсат пеш гирифт, ташкили озмуни телевизионии «Кадбонуи беҳтарин» аст. Мақсад аз баргузории ин озмун эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, пазандагони таомҳои қадимӣ ва ба ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ мебошад. Албатта, аз ин ҷо маълум шуд, ки занони ҳунарманд дар вилоят кам нестанд ва давоми як моҳ, ки қариб дар тамоми ноҳияҳо марҳилаи якуми озмун баргузор гардид, чеҳраҳоеро падид овардем, ки беҳтарин ҳунарманду пазанда ҳастанд.

Дар урфият мегӯянд, ки ба як мард 40 ҳунар кам аст, аммо мо мегӯем, ки «ба як зан ҳам 100 ҳунар кам аст». Дар рафти ин озмун мо таъкид доштем, ки ин ҳунарҳо ба ҷавондухтарон омӯзонида шаванд, зеро онҳо оянда модар мешаванд ва бояд дар баробари соҳибмаълумот будан, ҳунарҳои занонаро низ дошта бошанд. Боиси хушнудӣ ҳам буд, ки дар ин озмун бештар ҷавондухтарон иштирок доштанд.

Суҳбаторо
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳми занон дар рушди илми муосир

Саҳми занон дар рушди илми муосир

Хабарҳо, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ЗАН ВА САРҚОНУН

ЗАН ВА САРҚОНУН

Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА