Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сукерберг қафо монд


Сукерберг қафо монд



Тибқи гузориши Forbes муассиси Meta Марк Сукерберг дар қатори 10 нафар сарватмандтарин одамони ҷаҳон дохил мешуд. Ҳоло муассиси Meta дар сатри 12-уми рӯйхат қарор дорад.

Тавре Газета.ru хабар медиҳад, дар моҳи ноябри соли 2021 Сукерберг дар ҷойи сеюм дар раддабандӣ қарор гирифт. Сарвати ӯ 134,5 миллиард доллар арзёбӣ шуд.

Муассиси Meta Марк Сукерберг дар ҳоли ҳозир 87,4 миллиард доллар сарват дорад.

Ширкат ба далели коҳиши шумори корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоӣ ва ҳамчунин, даромади камтар доштан сармоягузоронро аз даст дод. 

Ба навиштаи Bloomberg, аз даст додани чунин сарват дар як рӯз яке аз рекордҳои таърихӣ аст.

Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода