Дар як сатр
» » «Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

2-03-2017, 08:48

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт


Чорабинии маърифатию иттилоотии «Корвони маърифат» ба ноҳияи Вахш расид.

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, ҳадафи «Корвони маърифат» фаҳмонда додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омма, ҳамзамон, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлол дар давоми 20 соли ваҳдатдорӣ, омилҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз қабили истиқлолияти эенергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, зарурати танзими расму оин, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад.

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш чунин мулоқот бо иштироки сокинони деҳот баргузор гардид, ки дар он доир ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои терроризму экстремизм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ва оқибатҳои ногувори он маълумот доданд.

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳраки ноҳияи Вахш маҳфили «Оилаи беҳтарин» доир намуд. Дар ин маҳфил аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оилаи рӯзгордидаю обрӯманд, фарзандони солеҳу соҳибмаълумотдошта, инчунин, оилаҳои ҷавон ширкат варзиданд. Оилаи Раҳматуллоевҳо, Самадовҳо, Сайдалиевҳо, Абдулоевҳо, Мирзоевҳо, Холиқзодаҳо дар суҳбате, ки ба иштирокдорон ҷиҳати самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ қисса карданд. Дар ин мулоқоти судманд муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода низ ширкат ва суханронӣ кард.
«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Дар ин замина, эҷодкорону ҳунармандон бо намунаҳои ашъору барномаҳои ҷолиби консертии худ хотири мардуми ноҳияи Вахшро шод гардониданд. Адибон Амиршоҳи Хатлонӣ, Офоқ, Усмон Билолӣ дар Ҷамоати «20 –солагии Истиқлолият» дар мактаби №10 аз ашъори тозаэҷоди худ дар васфи Ватан, Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ, ишқи поки ҷавонӣ намунаҳо қироат намуданд. Ҳамчунин, санъаткорони вилоят бо саҳначаҳои пурмазмун ва шеъру тарона дар ҷамоатҳои деҳот ҳунарнамоӣ карданд.

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Боиси зикр аст, ки дар ҳайати «Корвони маърифат» кормандони Раёсати тандурустии вилоят буданд ва ба аҳолии мавзеҳои дурдастарини ноҳия ба 970 нафар хизмати тиббӣ расониданд. Дар баробари ин аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят 2500 нусха варақаи иттилоотӣ баҳри тарғиби Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим намуданд.

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Дар ҷамъомади ҷамъбастӣ, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш баргузор гардид, муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират суханронӣ намуд. Сипас, роҳбарони гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» доир ба фаъолияти гурӯҳҳо дар ҳудуди ноҳия ибрози назар намуданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА