Дар як сатр
» » Посдори мазҳаби Имоми Аъзам бошем

Посдори мазҳаби Имоми Аъзам бошем

27-02-2017, 11:35

Посдори мазҳаби Имоми Аъзам бошем


«Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия, ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН


Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башар ҳар як миллат рисолати азалиашро анҷом дода, дар масири рушди он ҷойгоҳи хешро муайян месозад. Намунаи барҷастаи ин миллати тоҷик аст, ки зуҳури он кохи пуршукӯҳи илму маърифатро рифъат бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумӯи маорифу маданияти олам обу ҳаёт додааст.

Дар гаҳвораи тамаддуни тоҷик фарзонагоне тарбия ёфтаанд, ки на танҳо сарзамини тоҷиконро ибодатгоҳи хирадмандон сохтанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму ислом бурдаанд. Дар байни ин абармардон пешвову имом, олими номдор, фақеҳи машҳури ислом, саромади мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат Нуъмон ибни Собит (Имом Абӯҳанифа ё Имоми Аъзам) мақоми хоса касб намуда, асокаши ҳаводорони илму маърифат гаштааст.

Абӯҳанифа соли 80-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 699 мелодӣ, дар Кӯфа, дар замони ҳукмронии халифаи Уммавиён Абдумалик Ибни Марвон (685-705 мелодӣ) ба дунё омадааст. Тамоми умри бобаракати худро дар омӯзиши илму маърифат сипарӣ намудааст. Ин аст, ки ӯро дар арсаи олам ғайр аз тахаллуси таърихии Имоми Аъзам боз бо номи Сироҷ-ул-уммат низ мешиносанд.

Тавре ки Президенти мамлакатамон таъкид сохтанд (соли 2009 ҳангоми ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам), омӯзишу таҳлили фалсафии афкору осори Имоми Аъзам ва дигар бузургони гузаштаи мо шинохти миллат ва тақозои замони имрӯз буда, «зиндагиву корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун оина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ раҳнамоӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд». Инчунин, имрӯз бояд аз пешвоёни тариқати исломӣ ва тарафдорони баландпояи «Қуръони»-и азимушшаън Имом Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Шоҳи Хомӯш, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархиву садҳо ҳамзабонону ҳаммиллатони худ ибрат омӯзем ва ёд кунем.

Аз ҳамин лиҳоз ва шинохти худ, бидуни шакку тардид дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифтан аз 1310-солагии Имом Абӯҳанифа, ки намунаи дарки амиқи ҳақиқати исломӣ ва ворисияти ҳикмати миллӣ аст, мақоми хоса дошта, ба пойдории сулҳу субот, рафъи тафриқаи мазҳабиву динӣ, таъмини амнияти миллӣ, дифоъ аз дастовардҳои волои истиқлолияти давлатӣ, эҳёи арзишҳои ҷавҳарии халқамон, худшиносӣ ва худогоҳии тоҷикон, омӯзишу маърифати шуури мазҳабиву динӣ ва ахлоқӣ мусоидат хоҳад намуд.

Эрнест Ренан, нависанда ва мусташриқи фаронсавӣ, дар мақолаи худ «Миллат чист?» мегӯяд: «Миллат таҷассуми як рӯҳ, яъне як асли зеҳнӣ ва ахлоқист. Ду мавҷуде, ки дар воқеъ пушту рӯйи як танга ҳастанд, рӯҳ ва асли зеҳниву ахлоқиеро ба вуҷуд меоранд. Рӯҳи миллӣ доштан маънои соҳиби мероси ғанӣ буда, зеҳну ахлоқ мавҷудияти ӯст. Миллат метавонад зиндагии муштараки худ-ро идома диҳад. Бо ибораи дигар, агар хоҳад, метавонад арзишҳои меросиеро, ки ба шакли як маҷмӯа ба мерос бурдааст, ҳаёту идома бахшад», ки ҳақ бар ҷониби ӯст. Зеро ин чизро мо дар гуфтаи Пешвои миллатамон, ки нисбати Имом Абӯҳанифа гуфтааст, дида метавонем: «Имоми Аъзам «Шамшери исломӣ»-ро ба фарҳанги исломӣ иваз намуд!». Ин аст, ки сухани волои Ҷаноби Олиро гуфтаи китоби «Таърихи Байҳақӣ» далел шуда метавонад: «Гузашта чароғи роҳи оянда аст».

Ҳамаи мову шумо низ бояд фарзандону наздиконамонро даъват бар он намоем, то чароғи роҳи ояндаашон гузаштаро донанд ва танҳову танҳо аз рӯйи гуфтаву амалҳои Имоми Аъзам рафтор намоянд. Ба суханону дасисаҳои гурӯҳҳои бегонаву ифротгаро роҳ надиҳанд. Зеро чи тавре ки ҳамагон медонем, имрӯз гурӯҳҳои бегонапараст сабаби зуҳури назарияҳои нави низоъҳои байни фарҳангу тамаддунҳо шуда, андешаи инсониятро дар маҷмӯъ ба буҳрони бузург ва доманадоре рӯ ба рӯ сохт, ки натиҷаи ногувори он, пеш аз ҳама, таъсири амиқи манфӣ ба иқтисоди ҷаҳон мебошад. Ин ҷо сухан аз буҳрони бунёдии ҳастии башарият меравад, ки вуҷуди маънавӣ ва ахлоқии онро ба гирдоби нестӣ бурдааст. Мазҳабҳои бегона инсониятро аз моҳияти аслии офаринишаш дур карда, фарҳангу тамаддунҳо ва одамонро дар муқобили якдигар қарор медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми омӯзгорону зиёиён дар ташаккулу инкишофи худшиносии миллӣ баҳои баланд дода, гуфтааст: «Зиёиён ва омӯзгорони асили мо равшангари воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши арзанда мебозанд. Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва идеяҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ, ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро менамоянд».

Олимҷон ТАБАРОВ,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Муъминобод,
Аълочии маорифи Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст

Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст

Маориф ва илм
Ҳувияти миллӣ дар таърихи тоҷикон масъалаи калидист

Ҳувияти миллӣ дар таърихи тоҷикон масъалаи калидист

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Сиёсат, Маориф ва илм