Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

27-02-2017, 11:15

Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”


Дар ноҳияи Ҷайҳун қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир гардид.

Сокинони ноҳия Инъомҷон Султонов, Ҳалима Нозимова, Шамсиддин Маҳмадов, Абдураҳмон Нурхонов, Эмомқул Холмуродов ва дигарон зимни мулоқот доир ба масоили марбут ба таъминоти оби нӯшокӣ, маводу таҷҳизотҳои тиббӣ, муҷаҳҳаз намудани боғчаи бачагона, таъмири пули аҳамияти ҷумҳуриявидошта, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, вазъи ногувори заҳбуру заҳкашҳо ба раиси вилоят муроҷиат намуданд.

Роҳбари вилоят ба масъулин доирба ҳалли масоили пешниҳодгардида тибқи талаботу меъёрҳои муқарраргардида дар чаҳорчӯбаи қонунҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, ироа намуд, ки теъдоди ками аҳолӣ ба роҳбари вилоят муроҷиат карданд. Хуб мебуд, ки сокинони ноҳия фаъолнокӣ нишон дода, бобати масъалаҳои ҳалталаб бештар арзи матлаб мекарданд, то дар якҷоягӣ баҳри рафъи камбудиҳо тадбир меандешидем.

Сипас Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷайҳун ибрози назар намуда, аз он изҳори ташвиш намуд, ки қисми даромади буҷаи ноҳия ҳамагӣ 94 фисад таъмин гардид. Аз даҳ намуди андоз 6 намуд таъмин нагардид. Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо низ коҳиш ёфтааст. Роҳбари вилоят ба кишоварзон бобати истеҳсоли зироатҳои барвақтӣ миннатдорӣ баён дошта, дар ин баробар оид ба истеҳсоли пахта ва картошка изҳори нигаронӣ намуда афзуд, ки ҳосилнокии пахта нисбатан кам гардидааст. Ҳол он ки афзоиши истеҳсоли пахта барои фаъолияти мураттаби корхонаҳои саноатӣ замина мегузорад, - изҳор дошт ӯ.

Зимни суханронӣ роҳбари вилоят доир ба иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ёдовар гардида, таъкид дошт, ки ба тарбияи насли ҷавон ва наврас диққати ҷиддӣ зоҳир намуда ба сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамчунин аз дастовардҳои 25-солаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин роҳи тайнамудаи мардуми Ватани азиз саҳлу осон набуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ин нуктаро махсус ёдовар гардиданд:

- Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат аз аввали солҳои 2000-ум Ватани азизи мо ба марҳилаи рушд ворид шуда, ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ноил гаштем, таъкид рафт дар ҷамъомад.

-Татбиқи се ҳадафи стратегии миллии пешбинишуда-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар натиҷаи истифодаи пурсамари захираю имкониятҳо иҷро гардида, танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзуд, - таъкид дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷайҳун. Номбурда ёдовар гашт, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли “Энергияи сабз”, яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвар 98 фоизро ташкил медиҳад.

Чуноне ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид дошт, сохтмони 3 корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли семент ва корхонаи криалит имкон фароҳам меоварад, ки истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир зиёд гардад. Таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ оғоз гардида, минбаъд имкон медиҳад, ки корхона дар оянда истеҳсоли амиак ва карбомитро ба 800 ҳазор тонна расонад. Талаботи соҳаи кишоварзӣ ба нуриҳои азотӣ қонеъ гардида, содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад. Роҳбари вилоят зимни суханронӣ доир ба бахши сайёҳӣ ва туризм, ки дар Паёми Роҳбари давлат махсус таъкид ёфтааст, изҳори андеша намуда, афзуд ки вилояти Хатлон низ дорои мавзеъҳои зебои сайёҳист. Дар сурати дар амал татбиқ гардидани барномаҳои таҳиягардида дар бахши рушди сайёҳӣ садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад доир ба иқдомҳои неки инсондӯстонаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” махсус таъкид доштанд. Яъне ҳадаф аз ин барномаи байналмилалӣ истифодаи самараноки об, ба кор андохтани неругоҳҳои обиву барқӣ, ки ба рушди минбаъдаи энержӣ, саноат замина мегузорад, мебошад.

Роҳбари вилоят дар ҷамъбасти мулоқот бо фаъолон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъулину сокинони ноҳия маслиҳатҳои муфид доданд.

ВАХШОНА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА