Дар як сатр
» » Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

24-02-2017, 16:55

Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад


Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дидору мулоқот анҷом дод.

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовинони раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва Умед Зоҳирзода, инчунин масъулони чанде аз шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят низ ширкат варзиданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, дар раванди вохӯрӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон, хонум Элизабет Миллард аз раванди муносибатҳои ҳасанаи тарафҳо дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ, ки дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят амалӣ мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати васеъ намудани доираи ҳамкориҳо дар оянда, бахусус дар самти таъсис додани корхонаҳои коркарди меваҷоту сабзавот, таъмини аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ вусъат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дастгирии соҳибкории занон, таъсис додани корхонаҳои дӯзандагиву бофандагӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон, инчунин вазъи муносибатҳои ҳамҷаворӣ байни давлатҳои Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Афғонистон табодули назар намуданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Э. Миллард бо изҳори қаноатмандӣ аз 25 соли роҳандозии ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико, хостори густариши равобити ду кишвар гардиданд.

Дар идомаи сафари хизматии сафири Амрико дар Тоҷикистон ба вилояти Хатлон меҳмонон аз раванди татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар вилоят дидан намуданд. Меҳмононро муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтар ҳамроҳӣ намуданд.

М. Хидирзода, муовини раиси вилоят ва сафири ИМА хонум Элизабет Миллард лентаи рамзии гармхонаи боҳашамати замонавиро дар маҳаллаи «Ғайрат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа буриданд. Гармхонаи тиҷоратии мазкур дар доираи Лоиҳаи «Технологияҳои муҳими сабзавоткории ғизоноки Тоҷикистон, солҳои 2015-2017» дар масоҳати 500 метри мураббаъ сохта шудааст. Гармхона ҳозиразамон буда, бо харҷи беш аз 197 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Танҳо 25 фоизи хароҷоти гармхонаро соҳибкор ва кишоварз Носирҷон Қосимов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ба уҳда дошта, хароҷоти боқимондаро лоиҳаи болозикр пӯшиш додааст. Мувофиқи нақша, ҳамасола дар ин гармхона то 300 ҳазор навниҳоли босифати сабзавот, аз ҷумла помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад.

Гармхонаи дуюме, ки меҳмонон боздид намуданд, бо дарозии 24 ва паҳнои 5 метр дар доираи Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» дар ҳамкорӣ бо барномаи технологияҳои муҳими сабзавоткории ғизоноки Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Гармхонаи мазкурро соҳибкорзан ва кишоварзи муваффақ Бибиробия Азимова аз маҳаллаи «Ғайрат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соҳибӣ мекунад. ӯ ҳоло ба парвариши кӯчати сабзавот бо усули муосире, ки омӯзонида шудааст, машғул аст. Чунин гармхона бо ҳамин ҳаҷм дар дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми як соли охир 20 адад сохта шудаанд.

Дар идома ҳайати меҳмонон аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз рафти омӯзиш дар Маркази омӯзишии адрасу атласбофии Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон», ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон амалӣ мешавад, дидан намуданд. Меҳмонон ба кори дастӣ ва меҳнатдӯстии занони Хатлон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳои баланд доданд.
Муовини раиси вилоят М. Хидирзода ва сафири Амрико Э. Миллард ҳамчунин ба Маркази омӯзишии дӯзандагӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа омада, бо кори хайётон ошно шуданд. Ин марказ соли гузашта барои занону бонувон ва соҳибкороне, ки мехоҳанд ҳунари дӯзандагии худро сайқал дода, ба тиҷорат машғул шаванд ва ба ин васила зиндагии хонаводагиашонро беҳтар намоянд, ифтитоҳ ёфта буд.

Дар охир сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард аз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки дар оянда боз ҳам дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон лоиҳаҳои бештареро амалӣ хоҳанд каод.

М. НОСИРҶОН,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳамкорӣ то соли 2020

Ҳамкорӣ то соли 2020

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА