Дар як сатр
» » Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

23-02-2017, 16:30

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон


Дар театри Ато Муҳамадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси ботантана бахшида ба 24- солагии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни табрики ҳомиёни Ватан бо ҷашни Артиши миллӣ гуфт: «Хизмат ба Модар- Ватан барои ҳар як фарди ҷомеа шарафи бузург ва вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҷавонони моро мебояд, ки ҳифзи Ватанро вазифаи муқаддаси худ дониста, пайваста ба он кӯшанд, ки насли ҷавон ватандӯсту масъулиятшинос ба воя расад».

- Ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокориҳои зиёд намуда, далерона хизмат карда истодаанд, - зикр намуд Д. Гулмаҳмадзода, зимни табрикотии худ. - Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадриҷан устувор гардида, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникиву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Дар ҷаласа ҳамзамон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилоят ба маблағи 12 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар он ба 16 нафар аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии фавтида, 26 куҳансол кумакҳои пули тақдим гардид. Дар баробари ин ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Дар охир барномаи ҳунарӣ манзури меҳмонону иштирокдорони чорабинӣ гардид.
Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Сиёсат
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА