Дар як сатр
» » «Равшан» дар нимфинали Ҷоми ФФТ

«Равшан» дар нимфинали Ҷоми ФФТ

23-02-2017, 16:53

«Равшан» дар нимфинали Ҷоми ФФТ


Сабқати интихобии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба анҷом расид. Чаҳор даста – «Истиқлол» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ва «Равшан» (Кӯлоб), ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтаанд, муборизаро барои Ҷоми ФФТ ва медалҳо идома медиҳанд.

Рӯзи 17 февралбозиҳоиниҳоиисабқатигурӯҳи «А» баргузоршуданд. Бозииаввал, миёни «Равшан» ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 поён ёфт. Дар бозии дигар, «Кӯктош» бар «Ҳосилот»-и Фархорбоҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳаминтариқ, дар гурӯҳи «А» дорандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи порсолаи лигаи аввал - «Кӯктош» (бо 6 имтиёз) ва «Равшан», ки имсол дар лигаи аввал бозӣ мекунад (бо 5 имтиёз), ҷойҳои якуму дувумро соҳиб шуданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба иллати боридани барфбозиҳои ниманиҳоӣ ба рӯзи чоршанбе - 22 феврал гузаронида шуданд. Бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ рӯзи ҷумъа - 24 феврал барпо мегарданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
4 дастаи хатлонӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015

4 дастаи хатлонӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Равшан» ва «Данғара» довталаби Ҷоми ФФТ

«Равшан» ва «Данғара» довталаби Ҷоми ФФТ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш