Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ



Ба истиқболи ҷашнҳои таърихӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ 207 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан бунёду азнавсозии 191 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода зимни  тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки аз ҷумла 8 иншоот дар соҳаи маориф, 13 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 6 иншоот дар самти варзиш, 5 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 14 иншоот дар самти кишоварзӣ, 3 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфта, инчунин сохтмон ва таъмири 27 пул, мумфаршкунии 4,7 километр роҳҳои автомобилгард, сангфаршкунии 55,4 километр роҳ, чароғонкунии 24,1 километр тӯли кӯчаҳо, насби 12 адад трансформатори нави баландшиддат ва 52 маркази хизматрасонӣ ва савдо то ин давра ба анҷом расонида шуданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода