Дар як сатр
» » Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

22-02-2017, 16:49

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ


Ҳадафи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон қабл аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣЛоҳутӣ Шоназаров, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, сухани ифтитоҳиро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла, зикр кард, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ бо иштироки ташкилотҳои манфиатдор барои рушди ҳамкории мутақобила байни милитсия ва ҷомеа баҳри беҳтар намудани сифати зиндагонии аҳолӣ, пешгирии ҷиноятҳо, таъмини амният ва ҳалли мушкилоти ҷомеа Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия таъсис ёфта, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, адвакатҳо ва дигар аъзои фаъоли шаҳрвандӣ, ки дар ҷомеа эътибор доранд, шомиланд.

Ба воситаи барномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа метавонанд дар ҳалли мушкилот, пешгирии ҷинояткорӣ ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузоранд. Ҷалби аҳли ҷомеа ба иҷрои функсияи ҳифзи ҳуқуқ ва баландбардории самаранокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат мекунад.

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон сараввал, бо ҳайати кори Шӯрои ҷамъиятӣ шинос шуда, иброз намуд, ки вазифаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия метавон сатҳи ҷинояткориро дар кишвар поин кард, шумораи ҷиноятҳои кушодашударо боло бардоранд.

-Вазифаи асосии милитсия таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа аст, - зикр кард Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон. - Фаъ-олияти милитсия бошад, бо дарназардошти хусусиятҳо ва эҳтиёҷоти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ба нақша гирифта шуда, ба амал бароварда шавад. Вазифаи асосӣ таъмини амнияти шаҳрвандон, ошкор кардан, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҷи-нояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурист.
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Дар охир, Искандар Солеҳзода, ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ваъда намуд, ки дар кутоҳтарин фурсат дар ҳамаи шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят барои Шӯро утоқи корӣ ҷудо хоҳад хоҳад кард.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА