Дар як сатр
» » «Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

22-02-2017, 16:39

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамзамон боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинон бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Бохтар барномаҳои фарҳангиву иттилоотии «Корвони маърифат» гузаронида шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар, нақшаеро вобаста ба ҳадафи «Корвони маърифат» тартиб дод, ки мутобиқи он ҳайати корвон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия рафта ба сокинон мулоқот менамоянд.

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар маҳфили «Оилаи ман-бахти накуи ман!» ва «Кадбонуи беҳтарин» доир намуд. Дар ин маҳфил аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 8 оилаи рӯзгордидаю обрӯманд, фарзандони солеҳу соҳибмаълумотдошта, инчунин, оилаҳои ҷавон ширкат варзиданд. Оилаи Раҳматуллоевҳо, Аҳтамовҳо, Сангиновҳо суҳбате, ки ба иштирокдорон доштанд, ҷиҳати мустаҳкамии оила, меҳру муҳаббати самимӣ ва ҳамдигарфаҳми қисса карданд. Инчунин, дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бошад, ҳар як иштирокчии озмун аз рӯи 5 шарти озмун маҳсулоти омоданамудаи худро ба ҳакамон пешниҳод намуда, ба кадбонуи беҳтарин, туҳфаҳо супорида шуд.

Раёсати тандурустии вилоят «Корвони саломатӣ» - ро дар ду деҳаи Ҷамоати деҳоти Заргар равона намуда, хизматрасонии тиббии сайёр доир кард. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Заргар 1416 нафар ҳоҷатмандон аз ташхиси тиббӣ гузашта, барои табобаташон маслиҳат гирифтанд.

Дар майдони варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят аксияи «Варзиш- қосиди сулҳу амонӣ ва зебоиву ҷавонист» доир намуд. Дар баробари ин, 1000 нусха аксияи итилоотӣ баҳри татбиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим намуданд.

Инчунин, Раёсати фарҳанги вилоят дар ҳамбастагӣ бо бахши фарҳанги ноҳия дар толори Кохи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Заргар намоишномаи театриро пешкаши иштирокдорон карданд.
«Корвони маърифат» дар Бохтар

Раёсати маорифи вилоят байни хонандагон озмуни «Падару модарам- ифтихори ман!»- ро дар толори маҷлисии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳраки Бохтариён баргузор намуд, ки дар он намояндагони кумитаҳои падару модарон аз тамоми ҷамоатҳои ноҳия ширкат доштанд.

Дар деҳаи Чорсӯи Ҷамоати деҳоти «Навбаҳор» намояндагони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулини рӯзномаи вилоятии «Хатлон» вохӯрӣ бо сокинон дар мавзӯи «Мо бар зидди терроризм!» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир намуданд. Дар ин мулоқоти судманд муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ширкат ва суханронӣ кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар доир ба «Дастрасии иттилоот тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ» сухан ронданд. Аз ҷумла, дар ин ҳамоиши маърифатию иттилоотӣ ба сокинони ноҳия шумораҳои тозанашри рӯзномаҳои «Хатлон», «Новый Хатлон» ва «Дӯстлик» дастрас карда шуд. Рӯзноманигорон ба мардум аз хабару рӯйдод ва ҳаводиси ҷаҳони имрӯза, аз нақши манбаъҳои хабарӣ маълумоти муфассал дода, зараровару хавфнок будани баъзе шабакаҳои иҷтимоиро бо далелҳои амиқ фаҳмонданд.

Раёсати САҲШ-и вилоят дар деҳоти Меҳнатобод бо сокинон оид ба мавзӯи «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, ва ҳифз менамояд!» маълумотҳои муфассал доданд.
«Корвони маърифат» дар Бохтар

Дар ҷамъомад роҳбарони гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» доир ба фаъолияти гурӯҳҳо дар ҳудуди ноҳия ибрози назар намуданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо