Дар як сатр
» » Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад

Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад

2-02-2017, 10:56

Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад


Лоиҳаҳои иғвоандози давлатҳои аҷнабӣ идеологияи таҳрифшудаи нави диниро бо номи «салафия-ваҳҳобия» ба сари ҷавонону наврасони мо бор карда, аз рӯйи ангезаҳои мазҳабӣ ба бор овардани ҷанги нави шаҳрвандиро таҳмил карда истодаанд.

Тайи солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни мусулмоннишин равияву ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии тундгаро рӯйи кор омадаанд. Аз байни ин равияҳои динии ба ном исломӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин дар Тоҷикистон ва минтақаҳои дигари мусулмоннишини пасошӯравӣ равияҳои ваҳҳобия, салафия, «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Ҳизби таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҳизбуллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистон», гурӯҳи «Тоҷикистони озод», «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ), «Ихвон-ул-муслимин» (бародарони мусулмон), ҳизби «Ҷундуллоҳ» ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ном бурдан мумкин аст.

Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунадКоллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ҳукми худро нисбати 19 сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 1 сокини шаҳри Кӯлоб ва 1 сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бароварда, онҳоро бо гуноҳи пайравӣ ба ҷараёни ифротгарои «Салафия» аз 1 солу 6 моҳ то 13 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, қувваи қонунӣ гирифт.

Лутфулло Шарифов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, бо моддаҳои 401, 307 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Искандар Давлатов, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, бо моддаи 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуданд.

Инчунин, парванда нисбати Исломи Иззат, Субҳон Каримов, Исфандиёр Ашӯров, Хисрав Ҷонвалиев, Фарҳоди Ализода, Ҷамшед Комилзода, Ҷамшед Ҳасанов, Абдуҷаббор Шокиров, Абдусалом Раҳимов, Ривоҷиддин Қувватов, Шаҳром Сафаров, Умар Тағоев, Илҳом Холмуродов, Ҷонибек Давлатов, Саидҷон Алибеков, Аслиддин Ҳабибов, Хуршед Ҳафизов, Сиёвуш Абдураҳмонов, Ганҷина Ашӯрова - истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷ. Балхӣ, бо моддаи 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, даъват ба фаъолиятҳои тундгароёна пешбинишуда мавриди баррасии коллегияи судӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои Зубайдулло Маҳмудзода, судяи Суди вилояти Хатлон, Лутфулло Шарифов, роҳбари ин гурӯҳ, бо тахаллуси «Шайх» дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон барои гузаронидани шабнишинӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ омада, баъзе сокинони ин ноҳияро шомили равияи динии «Салафия» намуда, баҳри амалӣ намудани мақсадҳои худ ба онҳо ақидаҳои равияи болозикрро, ба монанди тарзу усли хондани намоз мувофиқи қоидаҳои иттиҳодияи динӣ - экстремистии «Салафия» омӯзонида, онҳоро аъзои ин равия намудааст, ки дар натиҷа аз хонаи истиқоматии онҳо як қатор китобҳои мансуб ба равияи динии «Салафия» дарёфт ва мусодира шудааст.

Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад
Гуфта мешавад, ки Лутфулло Шарифов аз соли 2007 то соли 2011-ум дар мадрасаи «Ишоату Тавҳид»-и шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсили илм намуда, дар рафти таҳсил ба равияи динии «Салафия» шомил гардидааст. Баъдан ӯ барои паҳн намудани ақидаҳои ифротии худ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз оятҳои «Қуръони карим» ва ҳадисҳо истифода карда, рӯҳияи шаҳрвандонро ба худ ҷалб намуда, фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.

- Ин афрод дидаву дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи динии «Салафия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст, бар хилофи он амал намудаанд, - зикр кард Зубайдулло Маҳмудзода, судяи Суди вилояти Хатлон. - Дар шабакаи иҷтимоии интернетии «WhatsApp» гурӯҳи ба номи “Муҳибони Саҳоба» созмон дода, шаҳрвандони ноҳияи Ҷ. Балхиро баин гурӯҳ, ки мазмун ва мундариҷаи матн, расм ва видеонаворҳои он ақидаҳои равияи динии «Салафия»-ро доростҳамчун иштирокчӣ онҳоро ворид намуда, минбаъд тавассути шабакаи интернетӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ байни ҳамдигар дар хусуси амалигардонии фаъолияти равияи динии «Салафия» ва паҳн намудани ғояҳои он алоқа барқарор кардааст.

Тавре, ки З.Маҳмудзода иттилоъ дод, ҳангоми тафтишот дар телефонҳои мобилии судшавандагон сабту наворҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», шиорҳои даъвати «Хилофат близко», «...И возрадим халифата», «Куфарим дали нам флаги», дар сомонаи «Висоли ҳақ» бошад, таҳқир ва таҳдиди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи парчами ДИИШ, дар сомонаи «Муҳибони саҳоба», паст задани эътибор ва шаъну шарафи занҳои тоҷик, барангехтани кинаю адоват ва низои динӣ, инчунин суханрониҳои тафриқаангези Эшони Нуриддин ва Муҷибурраҳмон ҷамъ оварда шудааст.

Коллегияи судӣ бо далелҳои дар мурофиаи судӣ бадастоварда кирдори судшаванда Лутфулло Шариповро бо моддаи 401- и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва бо моддаи 307 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), яъне ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунипайдокарда дар бораи манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, айбдор донист..

Инчунин мутобиқи талаботи моддаи 58 қисми 5 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судшавандагон Исломи Иззат, Субҳон Каримов, Исфандиёр Ашӯров, Фарҳоди Ализода, Ҷамшед Комилзода, Абдуҷаббор Шокиров, Саидҷон Алибеков, Хисрав Ҷонвалиев, Искандар Давлатов, Ривоҷиддин Қувватов, Умар Тағоев, Абдусалом Раҳимов, Ҷамшед Ҳасанов, Асриддин Ҳабибов, Шаҳром Сафаров, Илҳом Холмуродов, Ҷонибек Давлатов, Хуршед Ҳафизов, Сиёҳвуш Абдураҳмонов ва нисбати судшаванда Ганҷина Ашӯрова мутобиқи талаботи моддаи 58 қисми 6 банди «в» низоми адои ҷазоро муайян кард.

Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад


Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +
How To Get Levitra Prix Viagra 50 Mg Pfizer Zithromax Lawsuits cheapest cialis 20mg Amoxicillin Carbonic Acid Priligy Sustancia
30 май 2018 21:44

Матолиби дигар:

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон&h=55&w=75&zc=1" alt="Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон" />
15:3410 феврал

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон

Лоиҳаҳои иғвоандози давлатҳои аҷнабӣ идеологияи таҳрифшудаи нави диниро бо номи «салафия-ваҳҳобия» ба сари ҷавонону наврасони мо бор карда, аз рӯйи ангезаҳои мазҳабӣ ба бор овардани ҷанги нави шаҳрвандиро таҳмил карда истодаанд.

-->
Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон
&h=55&w=75&zc=1" alt="Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон" />

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Парчамбардорони «Давлати исломӣ» муҷозот шуданд

Парчамбардорони «Давлати исломӣ» муҷозот шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Манъи вуруди 13 номгӯи адабиёти мутааллиқ ба салафия

Манъи вуруди 13 номгӯи адабиёти мутааллиқ ба салафия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо