Дар як сатр
» » Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

8-01-2015, 22:31

Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будаастТашкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон (ТҶММ) тасмим дорад дар соли 2015 синфхонаҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар 10 мактаби минтақаро бо тамоми лавозимоти ҳарбӣ ва таълимӣ таъмин намояд.

Ин матлабро зимни нишасти хабарӣ 8-уми январ Ҷӯрахон Мирзокаримов, сардори ТҶММ дар вилояти Хатлон, баён дошт. Вай дар идомаи суҳбат афзуд, ки барои пурра ва ба талабот ҷавобгӯ шудани як синфхонаи дарси омодагии дифои ҳарбӣ дастикам ҳашт ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Кормандони масъули ташкилоти мазкур ҳамчунин оид ба сифати дарсҳои ҳарбӣ дар макотиби вилоят андешаронӣ намуда, зикр доштанд, ки имрӯз дар аксари дабистонҳо дарси ҳарбиро мутахассисони соҳа намегузаранд, ки ин боиси нигаронист. «Замони шӯравӣ дарси ҳарбиро дар мактабҳо кормандони ТҶММ мебурданд, ҳоло чунин нест», - гуфтанд онҳо.

- Ташкилоти мо ахиран чунин ҳуҷраи бо тамоми лавозимоти дарсӣ муҷаҳҳазро зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар мактаби №12-и ноҳияи Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баланд гирифт, - қайд кард Ҷ. Мирзокаримов, сардори ТҶММ дар вилояти Хатлон.

Амонҷон МАҲКАМОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

24-умин солгарди таъсиси ТҶММ

24-умин солгарди таъсиси ТҶММ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
Дар мактабҳои вилоят 777 омӯзгор намерасад

Дар мактабҳои вилоят 777 омӯзгор намерасад

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА