Дар як сатр
» » Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми 136

Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми 136

8-01-2015, 22:19

Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми 136Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар тафсири нави раддабандии ФИФА, ки имрӯз, 8 январ, дар торнамои ин ниҳод интишор гардид, зинаи 136-умро ишғол мекунад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Мунтахаби миллии мо дар ҳисоби худ 215 имтиёз дорад. Моҳи гузашта низ тими зери раҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев ҳамин миқдор имтиёз дошт. Аз рӯи натоиҷи январӣ дастаи Муҳаммадиевро мунтахаби Вйетнам пеш гузаштааст. Ветнамиҳо айни замон дар зинаи 133-юм қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки бозии охирини санҷишии дӯстонаи худро мунтахаби футболи Тоҷикистон бо мунтахаби миллии Белорус рӯзи 4-уми сентябр гузаронида буд. Дар ин бозӣ футболбозони мо бо ҳисоби калони 6 бар 1 шикаст хӯрда буданд.

Дар байни дастаҳои осиёӣ мунтахаби футболи Тоҷикистон зинаи 20-умро ишғол мекунад. Мунтахабҳои миллии Мянма, Афғонистон, Тайиланд, Туркманистон, Кореяи Шимолӣ, Сурия ва боз 20 мунтахаби миллии дигари қораи Осиё баъд аз мунтахаби миллии мо қарор доранд.

Дар байни дастаҳои собиқи ҷумҳуриҳои ИҶШС бошад, мунтахаби мо чун пештара зинаи 12-умро ишғол мекунад. Баъди мо Қазоқистон (ҷойи 139, 205 имтиёз), Туркманистон (ҷойи 147-ум, 166 имтиёз) ва Қирғизистон (ҷойи 152-юм, 146 имтиёз) қарор доранд.

Аз давраи интишори тафсири охирин раддабандии ФИФА 16 бозии дӯстона доир гардидааст, ки 11-тои онҳо охири соли гузашта бозида шуданд. 45 мунтахаби ҷойҳои аввалӣ тағйир нахӯрданд. Зинаи аввалро бо 1725 имтиёз чемпионҳои феълии ҷаҳон Олмониҳо ишғол мекунанд. Аргентина бо 1538 имтиёз дар зинаи дуюм ва Колумбия бо 1450 имтиёз зинаи сеюмро ишғол менамоянд.

Мунтахаби Русия бо 789 имтиёз чун пештара дар зинаи 31-ум меистад. Мунтахабҳои миллии Руминия, Словакия, Тунис, Австрия, Эквадор ва Дания аз Русия пеш местанд. Мунтахаби миллии Исроил низ, ки ҳамагӣ аз Русия як имтиёз зиёдтар дорад (788) дар раддабандии ФИФА русҳоро пушти сар гузоштааст.

Таснифоти нави раддабандии ФИФА 12 феврал интишор мешавад. Дар он натоиҷи сабқатҳои Ҷоми миллатҳои Африқо ва Ҷоми Осиё ба инобат гирифта мешаванд. Ин мусобиқаҳо мутаносибан дар Гвинеяи Экваториалӣ ва Австралия доир хоҳанд шуд.

Раддабандии мунтахабҳои ФИФА системаи сафкашии мунтахабҳои футболи миллӣ мебошад. Ин система бори нахустин соли 1993 роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосӣ ба кадом натиҷаҳо ноил шудан ва инкишоф ёфтани мунтахабҳои миллӣ мебошад. Ҳисоби имтиёзҳои дастаҳо аз рӯйи натоиҷи баромади чор соли охири мунтахаби миллӣ ба инобат гирифта мешавад. Ҳар қадар, ки даста хуб бозӣ кунад, дар раддабандӣ ҳамон қадар боло меравад.

Дар тамоми давраи раддабандии ФИФА танҳо ҳафт мунтахаби миллӣ – Олмон, Италия, Испания, Нидерландия аз Аврупо ва Бразилия бо Аргентина аз Амрикои Ҷанубӣ зинаи аввалро ишғол намудаанд.

Рейтинги ФИФА (то 8 январи соли 2015):
1 (1). Германия – 1725 имтиёз
2 (2). Аргентина – 1538
3 (3). Колумбия – 1450
4 (4). Белгия – 1417
5 (5). Нидерландия – 1374
6 (6). Бразилия – 1316
7 (7). Португалия – 1160
7 (7). Франсия – 1160
9 (9). Испания – 1142
10 (10). Уругвай – 1135
25 (25). Украина – 854
31 (31). Русия – 789
71 (74). Узбекистон – 454
79 (79). Арманистон – 436
83 (84). Эстония – 382
91 (92). Литва – 355
96 (96). Латвия – 339
99 (99). Белорус – 331
123 (121). Молдова – 250
126 (125). Гурҷистон – 239
136 (135). Озарбойҷон – 215
136 (135). ТОҶИКИСТОН – 215
139 (139). Қазоқистон – 205
147 (147). Туркманистон – 166
152 (152). Қирғизистон – 146.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

20 футболбоздухтари хатлонӣ дар тими мунтахаби кишвар

20 футболбоздухтари хатлонӣ дар тими мунтахаби кишвар

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30

Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Роналду беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 эътироф шуд

Роналду беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 эътироф шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
27 март: Тоҷикистон - Яман

27 март: Тоҷикистон - Яман

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш