Дар як сатр
» » Омӯзгор - калиди истиқлолияти фикрӣ ва роҳнамо ба ҷаҳони ҳунар

Омӯзгор - калиди истиқлолияти фикрӣ ва роҳнамо ба ҷаҳони ҳунар

29-09-2018, 07:20

"Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.

Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН

Аз сарсонӣ то хушиқболии як зан
Борҳо шоҳиди он гаштаем, ки бисёре аз мардон садди роҳи илмомӯзии ҳамсарони хеш мешаванд. Кам вохӯрдаем бо заноне, ки шавҳар онҳоро соҳиби маълумоти олӣ карда бошад. Қаҳрамони мо аз қабили занони хушиқболест, ки ҳамсар ӯро соҳиби чандин диплому сертификат гардонидааст. Шавҳар буд, ки тамоми армонҳои ношикастаи як духтараки ятимро бароварда сохтааст. Бо вуҷуди он ки ӯ чаҳор духтар ба дунё овардааст, ҳамсар мисли баъзе мардон аз ӯ норозӣ нест. Баръакс, мехоҳад ҳамсари азизаш ба мартабаҳои баландтар бирасад.
Ҳамсуҳбати навбатии мо нафарест, ки ҳам омӯзгор асту ҳам ҳунарманд.
Занест, ки дар зиндагӣ аз сарсонӣ то хушиқболӣ расидааст.
Фарида Латифова бонуи кушодачеҳра, зиндадилу хушсухан аст ва ҳамагӣ 37 сол дорад.
Фарида дар оилаи зиёӣ дар ноҳияи Панҷ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар оила фарзанди ёздаҳумин буд. Аммо Фарида ҳамагӣ 10 сол аз муҳаббати модар баҳравар гардидаасту халос. Бо омадани модарандар апаҳо Фаридаро бо навбат ба тарбияи худ гирифтанд. Ӯ як муддат дар хонаи яке аз апаҳо дар ноҳияи Панҷ ва баъдан дар шаҳри Турсунзода дар хонаи апаи дигараш зиндагӣ кардааст.
- Замоне ки дар шаҳри Турсунзода будам, - мегӯяд Фарида, – то синфи 9 таҳсил карда, баъдан дар корхонаи истеҳсоли алюминий фаъолият доштам. Падарам дар синни шонздаҳсолагӣ маро ба шавҳар доданд. Баъди сарсониҳо бахт ба рӯйи ман ханда кард. Ҳамсараму бародаронаш низ ятим буданд. Онҳо маро дар пухтани хӯрок кумак мекарданд. Ҳамсарам бароям ҳам модар шуду ҳам ҳамсар, кӯдаконамро низ шавҳарам парпеч мекард. Баъди соҳиби ду фарзанд шудан ҳамсарам, ки худ маълумоти олӣ надошт, тасмим гирифт, ки маро соҳибмаълумот созад.
 Гомҳои нахустин ба сӯйи
илму маърифат
Аввалин қадамҳояшро Фарида дар идораи шуғли аҳолии №66-и шаҳри Душанбе гузоштааст. Ӯ аз рӯйи низоми кор дар он марказ бояд дар як рӯз 50 адад матрас медӯхт, аммо ӯ 100-то чунин кӯрпа месупорид. Масъулиятшиносии Фаридаро ба назар гирифта ба ӯ, кумакпулӣ, дипломи сурх ва шаҳодатномаи хатми он давраи омӯзиширо тақдим намуданд.
Қадами дувуми Фарида дар роҳи илмомӯзӣ коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) буд. Он ҷо дар ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ таҳсил кард.
Баъди хатми коллеҷ шавҳар Фаридаро маҷбур сохт, ки таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯ соҳиби маълумоти олӣ гардид.
Фарида замони донишҷӯӣ дар муассисаи таълими томактабии №10-и шаҳри Бохтар ба ҳайси ёрдамчии мураббӣ ва пас аз соҳибмаълумот шудан, ба ҳайси мураббӣ кору фаъолият намуд. Баъдан дар кӯдакистонҳои №2 ва №9 низ ба ҳайси мураббӣ кору фаъолият кардааст.
Фарида аз он ки омӯзгориро дӯст медораду мураббӣ шуда кор мекард, норизо нест. "Кӯдаконро хеле дӯст медорам, дар дунёи онҳо буданро низ. Азбаски шавҳарам муҳоҷир асту ман соҳиби чаҳор гулдухтари қадрас, барои онҳо низ бояд вақт ҷудо созам, то беназорат намонанд. Аз ҳамин хотир, тасмим гирифтам, ки корамро иваз намоям”, - идома дод ӯ зимни суҳбат.
 Ҷодаҳои кору зиндагӣ:
аз мураббӣ то омӯзгор
Фарида тӯли ду сол мешавад, ки омӯзгорӣ мекунад. Боз аз нуқтаи мушкил корро оғоз намудааст. Дар маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Бохтар фаъолият дорад. Бо кӯдаконе, ки барои мактаб омода мешаванд, ҳар рӯз дарс мегузарад, бо онҳо ҳар гуна бозичаҳо месозад.
Рассомӣ шуғли дигари Фарида аст. Ин ҳунарро аз падари равоншодаш омӯхтааст.
Шавқи мӯд ӯро ба дунёи дигар бурда. Дар Маркази таълими калонсолони назди идораи шуғли аҳолии шаҳри Бохтар курси компютерӣ ва дизайнериро низ хатм намудааст. Ҳамчунин давраи омӯзиши забони англисиро низ ба поён расонидааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, шавҳар мехоҳад, ки Фарида ҳамшираи тиб шавад. Аммо ӯ мегӯяд, ки навбатро ба фарзандон медиҳад. Духтари калонии Фарида ҳоло донишҷӯи бахши химияи коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар, дуи дигар хатмкунандаи мактаб ва чаҳорумӣ дар синфи якум мехонад. Фарзанди хурдӣ дар бахши гимнастика тамрин мекунад ва имсол дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ишғол намудааст.
 Дастони пурҳунари Фарида
Фарида бонуи қавиирода ва хушзеҳн аст. Ӯ дар соатҳои холӣ ба сохтани ҳар гуна сабадҳо, навиштани қиссаҳои афсонавӣ ва таҳияи нашрияҳои деворӣ машғул мешавад. Инчунин, бо муҳра дастбанду кокул ва ҳар гуна гӯшвораҳо, бо ришта ҷӯробу ҷелак мебофаду боз ҳунари гулдӯзӣ низ дорад.
Маъмурияти МТМУ №4 ҳунару малака ва таҷрибаи ғании Фаридаро ба назар гирифта, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ният дорад, ки дар таълимгоҳи мазкур барои наврасон гӯшаи омӯзиши ҳунарҳои мардумиро кушояд.
Фарида тамоми барномаҳои телевизионие, ки дар онҳо усули сохтани ҳар гуна ашёҳоро нишон медиҳанд, сабт мекунаду такрор карда меомӯзад. "Ҳатто ҳар шаб барномаи телевизиони "Россия”-ро, ки дар он ҳунарманди русе бо матоъҳои партовшуда ҳар гуна лӯхтак месозад, низ бо шавқ тамошо мекунам ва баробари ӯ, ман низ омода мешавам. Ман бо чандин кӯдакистон ҳамкорӣ дорам. Барои боғчаҳо чизҳои лозимаро месозам ва аз ин корам лаззат мебарам. Имсол бо нашрияи девории хеш, ки аз рӯйи сужети филми тасвирии "Маша ва хирс” бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон” сохта будам, дар байни 17 мактаб ҷойи аввалро ишғол намудам. Инчунин, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ низ аз тарафи Раёсати маорифи вилоят барои сохтани чунин суроб бо Ифтихорнома сарфароз гардидам”, - мегӯяд Фарида Латифова.
Дар ҳақиқат, азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Муаллимоне чун Фарида, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму донишанд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +
Хотите больше продаж и клиентов?

Мы предоставляем любые базы по физическим и юридическим лицам России, Беларуси, Украины И СНГ
С помощью базы Вы можете делать обзвон, рассылку e-mail и SMS, потенциальных клиентов

Только до 10 октября - 25% скидки на готовые базы!
Обновление баз ОКТЯБРЬ 2018!


База Яндекс Карт (ВСЯ РОССИЯ +8 стран) Более 6 000 000 контактов - 3000 рос.руб
База 2 GIS (Россия + 3 страны) Более 3 500 000 контактов России - 2000рос.руб

База доменных имён в зоне РОСИИИ СНГ И Бывшего СССР (.ru .rf .ua .by .uz .kz .ge .az .lt .md .lv .kg .tj .am .tm .ee) - 1500рос.руб
База доменных имён всего мира (более 285 000 000 доменов) - 2500рос.руб

База e-mail юр.лиц РОСИИИ СНГ И Бывшего СССР(e-mail).Более 7 000 000 адресов. -2500рос.руб

База e-mail физ.лиц РОСИИИ СНГ И Бывшего СССР (Имя,фамилия,дата рождения,регион). Более 10 000 000 адресов. - 2000рос.руб
База e-mail физ.лиц (по интересам более 20 рубрик, более 20 000 000 email (Имя,фамилия,дата рождения,регион). - 2500рос.руб


Так же соберём базу ЮРИДИЧЕСКИХ ЛИЦ по Виду деятельности или региону
Так же соберём базу ФИЗИЧЕСКИХ лиц по интересам, региону или возрасту

Все базы из списка - 9 900 р
Ещё больше баз на сайте - http://base-all.ru/

Не отвечайте на это сообщение со своего ящика электронной почты, так как оно создано автоматически и никуда не дойдёт!
Используйте для связи: BASE-ALL.RU@YANDEX.RU TELEGRAM: @BASESNG SKYPE: BASE-ALL.RU
5 октябр 2018 05:27

Матолиби дигар:

Рисолати омӯзгор

Рисолати омӯзгор

Маориф ва илм
Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА