Дар як сатр
» » Риояи қонун барои ҳама ҳатмист!

Риояи қонун барои ҳама ҳатмист!

27-09-2018, 10:14

«Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар давраи ваколати худ татбиқ менамоянд».
Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Нусратулло Раҳматҷон Маҳмудзода,

прокурори вилояти Хатлон


Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъ-олияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба роҳ монда, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар 7 моҳи соли 2018 корҳои муайянеро анҷом дод.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят нишон дод, ки дар зарфи 7 моҳи соли 2018 сатҳи содиршавии ҷиноят тамоюли пастравӣ дошта, ҳамагӣ 3815 (4038) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 223 ҷиноят ё ба андозаи 5,52% кам гардидааст. Сатҳи кушодавии ҷиноятҳо 81,91 (83,12) фоизро ташкил дода, аз ҷумлаи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда 1213 (1279) ё худ 31,7% аз ҷониби мақомоти прокуратура ошкор карда шудааст.
Асосан, сатҳи содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин ва вазнин дар вилоят аз 879 ба 836 паст шудааст.
Гарчанде содиршавии ҷиноят дар умум тамоили пастравӣ дошта бошад ҳам, аммо ин категорияҳои ҷиноятҳое мебошанд, ки рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз ҷумла, ҷиноятҳои қаллобӣ аз 522 ба 560, қочоқи маводи нашъаовар аз 20 ба 46, худсарона ишғол намудани замин аз 234 ба 253, сохтакорӣ аз 67 ба 88 нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ зиёд гардидааст.
Дар баробари коҳиш ёфтани сатҳи ҷиноят дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо афзоиши ҷиноятҳо ҷой дошта, беҳбудиро тақозо мекунад.
Масалан, дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷайҳун, Ёвон, Н. Хусрав, Норак, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор болоравии сатҳи ҷинояткорӣ аз 7 то 57 фоиз афзоиш ёфта, ислоҳи он масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар соли 2017 яке аз сабабҳои болоравии сатҳи ҷиноят ин ба зиёдшавии риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди вилоят, ки боиси садамаи нақлиётии марговар гаштаанд, алоқаманд аст.
Бинобар ин, масъалаи мазкур бо ҷалби кормандони ШБДА ва муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилоят 21 июни соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки баҳри пешгирии ин қабил ҷиноят қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Ҳамзамон, дар ин замина, баҳри бартараф кардани нуқсону камбудиҳо вобаста ба аломатҳои роҳ, чароғакҳо, насб намудани камераҳои мушоҳидавӣ ва таъмири чароғҳои равшандиҳанда дар ду нақби дар ҳудуди вилоят ҷойдошта ба унвонии муассисаҳои дахлдор пешниҳоди мушаххас ирсол карда, дар натиҷа 505 адад аломатҳои роҳ дар роҳҳои автомобилгард насб гардид.
Натиҷаи ин чорабиниҳо ва тадбирҳои дигари амалӣ буд, ки чунин ҷиноятҳо дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят аз 175 ба 130 ҳолат кам шуд.
Худованд ба мо-инсонҳо ва қонундонҳо неъмати беҳтарин-ақл ҳадя кардааст, ки неку бадро фарқ карда тавонем. Ниҳоли некӣ аз оби ҳаёт сабзида, дарахти бадӣ аз амалҳои бад оқибат хушк мешавад. Одамоне, ки ғуломи қонунанд, озодона, саодатмандона ҳаёт ба сар бурда, нисбат ба наздикони худ аз ҳар ҷиҳат намунаи ибратанд. Мардони ҳақиқии хирадпеша ҳамеша шодмонанду ба вайронкорӣ, қонунвайронкунӣ даст намезананд. Ҳанӯз мисолҳое зиёданд, ки одамон низоми зиндагиро вайрон карда, бо кирдорҳои ношоиста сабабгори сар задани ҷиноятҳои гуногун ва ҳатто вазнин мегарданд. Ҳодисаҳои нангине аз ҷониби баъзе чунин шаҳрвандон рух медиҳанд, ки ба шаъни ҷомеаи озоду демократии мо доғ меоваранд.
Барои исботи ин гуфтаҳо ба мисолҳо, факту рақамҳо рӯ меоварем. Дар давоми ҳафт моҳи соли 2018 Прокуратураи вилояти Хатлон ва прокурорҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, тибқи гуноҳашон ба ҷавобгарӣ кашидани одамон, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ корҳои муҳиму натиҷабахшро анҷом доданд. Мутобиқи супориш, дастурҳо ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуратура фаъолияти ҳаррӯзаи худро дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ба роҳ монда, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар зарфи ҳафт моҳи соли 2018 як қатор корҳои муҳимро анҷом додаанд.
Ҳолати иҷрои қонунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ғайриқонунӣ ва ғасби худсаронаи он пешгирӣ карда шавад.
Новобаста аз ин, то ҳол дар вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, ғасби худсарона ва сохтмони худсарона ҷой дошта, дар ин самт 66 (68) санҷиш гузаронида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои мавҷудбуда унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 440 (436) санади прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 923 (974) нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 246 (192) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Аз парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида 25 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 25 нафар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
Аз ҷумла, 6 парвандаи ҷиноятӣ нисбати масъулини идораи кумитаи заминсозӣ, 8 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 8 парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбарони хоҷагиҳо ва 3 парвандаи ҷиноятӣ нисбати дигар шахсони мансабдор оғоз гардидааст.
Санҷишҳо собит сохтаанд, ки содиршавии қонунвайронкунии замин аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ, ки худ мутасаддии пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо мебошанд, то ба ҳол ҷой доранд.
Чунончӣ, раиси Ҷамоати деҳоти "Дарқад”-и ноҳияи Фархор Негматов А.С. ва муҳандис-заминсози ҷамоат Солиев Х.А. ҳангоми фаъолияти кориашон 5,05 га қитъаи замини корами обӣ ва лалмиро ба 48 нафар шаҳрвандон бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор ба маблағи аз 400 то 3000 доллари ИМА фурӯхта, як қисми дигарашро ғайриқонунӣ тақсим намудаанд. Ҳол он ки замин моликияти истиснои давлат буда, хариду фурӯши он манъ аст
Аз ин рӯ, аз ҷониби прокуратураи вилоят нисбати Негматов А.С. ва Солиев Х. А. бо моддаҳои 247 қисми 3 банди "а”, яъне бо роҳи фиреб ё сӯйистифодаи боварии ба даст овардани амволи ғайр ба миқдори калон ва 338 1 қисми 2 бандҳои "а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо истифода аз ваколати мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷом гардидани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шуда, аз тарафи суд номбурда гунаҳгор дониста шуд. Бо ҳукми суд ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати ду сол таъйин карда шудааст.
Инчунин, раиси Ҷамоати деҳоти "Чоргул”-и ноҳияи Ёвон Назаров Қ., корманди Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш Мирзохонов С., мутахассиси КФД бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Хуросон Аланазаров Ҷ., мутахассиси КФД Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Шаҳритӯс Шехмуродов И., сардори КВД лоиҳакаши ноҳияи Восеъ ва муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти "Кӯлоб”-и шаҳри Кӯлоб Бозоров К., мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон Муъминов Ф. даст ба қонуншикании замин задаанд, ки ин амалҳои ғайриқонунии онҳо ошкор гардид.
Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 1414 (2585) га қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.
Бо назорати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”, "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” диққати махсус дода, дар ин самт 19 (2017-25) санҷиш гузаронида, бо натиҷаи он 96 қонунвайронкунӣ муайян карда шуд. Ҷиҳати бартарафсозӣ ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда 5 (6) пешниҳод, 31 (27) амр бароварда, бо баррасии ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ 2 (2) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 8 (1) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 39 (90) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Замон тақозо дорад, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа баланд бардошта шавад. Зеро маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи донишҳо ва амалҳои ҳар як шахс доир ба моҳияти қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, риояи муқаррароти қонун аз ҷониби одамон ва тарғиби риояи он ба атрофиён аст.
Қабули қонун як тарафи масъала буда, ҷониби дигар ва муҳимтарини он татбиқи муқаррароти қонун дар ҷомеа мебошад Прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ба ҳаёт татбиқ намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ кӯшиш менамоянд. Риояи қонун қатъи назар аз вазифаю мансаб барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмист. Мо дар ҷомеаи соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ зиндагӣ мекунем, ки донистани қонун талаби замон аст.
Муҳимияти масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ба назар гирифта, он ҳамасола дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода мешавад.
Бо назардошти хавфнокии ҷиноятҳои самти экстремистӣ ва террористӣ фаъолияти ситодҳои амалкунандаи вилоятӣ ҷоннок гардида, ҳамагӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 169 ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро ошкор ва аз рӯи ин ҳолатҳо нисбати 178 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки аз ин парвандаи ҷиноятӣ нисбати 76 нафар барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлат мебошад.
Чунончӣ, собиқ раиси ҲНИ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Қурбонов А.Г. дидаву дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаву фаъолияти он қатъ карда шудааст, 68 адад фитаву дискҳо, 44 адад адабиёту нашрияҳо ва 15 адад аудио-видео- касетаҳои мансуб ба ТЭТ ҲНИ-ро аз утоқи кориаш ба манзили истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи Эшонободи шаҳри Левакант мебошад, бурда, ғайриқонунӣ онҳоро бо мақсади минбаъд ба амал баровардани фаъолияти экстремистии ин ҳизб нигоҳ доштааст, ки бо ин ҳаракатҳояш ҷинояти дар моддаи 307 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, яъне ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-ро содир намуда, даст ба ҷиноят задааст.
Аз ин рӯ, аз тарафи Прокуратураи вилоят 23 майи соли 2018 нисбати Қурбонов А. Г. бо моддаи зикргардидаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷом гардидани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардид. Аз тарафи суд номбурда гунаҳгор дониста шуда, бо ҳукми суд ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомашон пурзӯр таъйин карда шудааст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари нуқсону камбудиҳо, ҳолатҳои қонунвайронкунӣ аз тарафи роҳбарони зинаҳои гуногун рӯхдода баъзан ба содир шудани ҷиноят анҷом меёбад. Дар ҳоле ки мебоист чунин роҳбарон худ ба қонун қатъӣ риоя карда, дигаронро аз роҳи ғайриқонунӣ боздоранд. Аммо на ҳама дар ин ҷода ислоҳпазиранд. Ҳофизи бузург дар ин бобат дуруст фармуда:
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар
мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар
мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис
бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар
мекунанд?
Кормандони мо ба ҷараёни татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққат дода, муқаррароти қонунҳоро фаҳмонда, барои татбиқи онҳо корҳои таъсирбахшро анҷом медиҳанд. Роҳандозии тадбирҳои мушаххаси фаҳмондадиҳӣ натиҷаи дилпазир ба бор оварда, мардум ба моҳияти ҳар як қонун сарфаҳм рафта, мутобиқи он амал карда, ба ин васила мизони қонуншиканӣ дар ҷомеа коҳиш меёбад.
Бо камоли шодмонӣ бояд хотирнишон сохт, ки дар натиҷаи ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Хатлон ободу зебо, сатҳи зиндагонии сокинонаш хушу хуррамтар мегардад. Тайи солҳои охир ҳазорҳо нафар соҳиби ҷойҳои кори доимӣ ва муваққатӣ гаштанд. Барои сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳои калон бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, ходимони дин корҳои созандагӣ, ба монанди бунёду таъмири марказҳои саломатӣ, ҳуҷра барои хатнаи кӯдакон, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, муассисаҳои томактабӣ, китобхона, боғҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои маҳаллии байни маҳаллҳои аҳолинишин, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва дигар иншоот ба роҳ монда шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар фароҳам сохтани зиндагии шоиста ба аҳолӣ буда, он бо таъмини волоияти қонун дар вилоят алоқаманд аст. Дар вилоят ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра ҳифз гардида, ҳар фарди солимфикр худро ғуломи қонун ҳисобида, ба волоияти қонун бовар дошта, ба он қатъӣ риоя менамояд.
Бинобар дар ҳолати паст қарор доштани маърифати ҳуқуқии мардум, надонистани муҳимии қонунҳои қабулшуда, наандешидани оқибати кирдорҳои ғайриқонунии худ як гурӯҳи шаҳрвандон даст ба ҷиноят мезананд. Ҳамзамон, кирдорҳои берун аз доираи қонун содиргардида аз назари кормандони прокуратура дур намемонад.
Прокуратура инчунин ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон”, "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”-ро таҳти назорат қарор дода, тибқи он кор мебарад.
Кормандони Прокуратураи вилоят дар оянда вобаста ба риояи қонунҳо корро дар ҳамаи самтҳо пурзӯр намуда, ҳамчунин барои ҳолатҳои пешгирии қонуншиканиҳо тадбирҳо андешида, ба гунаҳгорон ҷазои сазовор медиҳанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъмини волоияти қонун дар мадди аввал меистад

Таъмини волоияти қонун дар мадди аввал меистад

Ҳуқуқу амният
Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
61 эътирози мардум ба  қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

61 эътирози мардум ба қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ