Дар як сатр
» » «Ба корҳои ободониву созандагӣ бояд диққати бештаре дод»

«Ба корҳои ободониву созандагӣ бояд диққати бештаре дод»

28-09-2018, 08:06

Масъалаҳои вобаста ба фарогирии мавҷи телевизиони вилоятии "Хатлон” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритӯс, таъмири капиталии пули дарёи Кофарниҳон, бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ва Ҷӯра Назаров, таъмири хатти асосии баландшиддати барқи ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, ҳамчунин масоили вобаста ба заминҳои чарогоҳҳои Ҷамоати деҳоти "Пахтаобод”, муҷаҳҳазгардонии сохтори госпиталӣ ва маркази саломатии ноҳия бо технологияи нави ҳозиразамон ҷиҳати ташхиси бемориҳои сироятӣ, кашидани хатти барқ, лӯлаҳои обгузар, таъмири роҳҳои автомобилӣ дар маҳаллаи навбун-ёд дар қабули сайёри раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни мулоқоти раиси вилоят сокинони ноҳияи Шаҳритӯс Анора Шарипова, Насриддин Ғуломҳайдаров, Махфират Саидраҳмонова, Ҳикмат Давлатов, Маҳмадшоҳ Гадоев ва дигарон оид ба масъалаҳои мазкур ба раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода арзи матлаб намуданд.

Равшан гардид, ки сокинони ноҳияи Шаҳритӯс аз барномаҳои телевизиони "Хатлон” бархӯр-дор нестанд. Зеро мавҷи телевизиони "Хатлон” фарогири ноҳия нест.

Вобаста ба ин масоили муҳими рӯз раиси вилоят ба масъулини телевизиони "Хатлон” дастур доданд. Доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои таъмири хатти асосии баландшиддати барқи ҳудуди Ҷамоати деҳоти "Ҷӯра Назаров”, ки 23 километр-ро дар бар мегирад, дастандаркорони соҳаи мазкур муваззаф гардиданд. Раиси вилоят нисбати интиқоли хатҳои барқу об ва таъмири роҳи автомобилгарди деҳаи навбунёд ба роҳбарони соҳаҳои марбута супориш дод.

Воқеан, пешниҳоду масъалагузориҳои сокинони ноҳия нисбати солҳои қаблӣ зимни қабули сайёри раиси вилоят ба куллӣ дигаргунгашта, аҳолӣ бештар ба масъалаҳои вобаста ба ободу бунёдкорӣ, рушди маҳалро пайгирӣ намуданд. Раиси вилоят зимни ҳаллу фасли масоили пешниҳодгардида, таъкид дошт, ки масъулини соҳаҳо бояд барномаҳои мукаммалу мушаххас таҳия намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд. Дар ин баробар, бо соҳибкорони маҳаллӣ, сармоягузорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намоянд, то муассисаҳои давлативу хусусӣ бештар рушд ёбанду шароити ташхису табобати аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардад.

Пас аз шунидани арзу ниёзи сокинони ноҳияи Шаҳритӯс, роҳбари вилоят аз масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва Носири Хусрав нисбати вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ пурсон гардида, бобати рафъи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод. Роҳбари вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки вазъи шомилшавии хатмкунандагони ноҳияҳои мазкур ба донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар нигаронкунанда аст.Дар самти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва Носири Хусрав дастовардҳо назаррас нест. Дар ин радиф, роҳбари вилоят аз иқдомҳои неку ободгароии соҳибкорони ноҳияи Ёвон ёдрас гардида, иброз дошт, ки дар ин самт таҷрибаи соҳибкорони ин ноҳия лоиқи омӯзишу пайравист.

Сипас, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда иброз дошт, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. «Ба ҳамагон равшан аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, тақвият додани сатҳи зиндагии ҳамагон, муҳим аз ҳама, тараққӣ додани соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ ва муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиати зебои кишвар ва ҳунару анъанаҳои миллӣ ба шумор меравад. Тавре ки дар Паёми Роҳбари давлат зикр гардидааст, шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё намудааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад», - ироа дошт зимни суханронӣ роҳбари вилоят. Ва таъкид дошт, ки ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва Носири Хусрав макони мавзеъҳои таърихии "Тахти Сангин”, ”Хоҷа Машҳад”, ”Хоҷа Дурбод”, ”Чилучорчашма” ва ғайраҳо мебошанд. Дар сурати бунёди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани хизматрасонии ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣметавонем ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Роҳбари вилоят масъулину фаъолони ноҳияҳои мазкурро вазифадор намуд, ки ба корҳои ободонию бунёдкорӣ диққати ҷиддӣ дода, ҷамъоварии пахтаро хуб ба роҳ монда, соли 2018-ро бо дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ҷамъбаст намоянд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зиндагии осудаи мо дар сулҳу ваҳдат аст

Зиндагии осудаи мо дар сулҳу ваҳдат аст

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳокимияти давлатӣ
«ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БО  ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!»

«ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БО ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!»

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ