Дар як сатр
» » Гиромидошти хотираи П. Сатторӣ

Гиромидошти хотираи П. Сатторӣ

28-09-2018, 10:04

Дар толори конфронсии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо ибтикори шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони ««Гулбарг»-и бехазон» бахшида ба 80-солагии шоири зиндаёд Пирумқул Сатторӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

 

Шоир Озар Салим зимни суханронии худ қайд кард, ки П. Сатторӣ солҳои мадид роҳбари маҳфили шоирони Хатлонзамин таҳти унвони «Гулбарг» буд ва дар тарбияи эҷодкорони зиёд саҳми шоиста дорад. «Ӯ поягузори забони адабии театрҳои Вахшонзамин аст. Шоирону нависандагони вилоят ӯро асосгузори маҳфилҳои адибони Хатлон, устоди устодони имрӯзаи каломи бадеи Вахшонзамин меҳисобанд», - афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки Пирумқул Сатторӣ, шоир ва рӯзноманигори барҷастаи тоҷик, 1 августи соли 1938 ба дунё омада, баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе барои кор ба Қӯрғонтеппа фиристода мешавад. Ӯ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, ҳамзамон мудири бахши адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» шуда кор кардааст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Хабарҳо
Шеър аз барои булбулон мегуфт

Шеър аз барои булбулон мегуфт

Чеҳранигорӣ
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Ҳайати эҷодӣ