Дар як сатр
» » Кори 18 сартарошхона манъ гардид

Кори 18 сартарошхона манъ гардид

30-09-2018, 08:03

Дар шаҳри Бохтар фаъолияти 29 сартарошхона, 20 кошонаи ҳусн ва 13 ҳуҷраи хусусии стоматологӣ аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифт.

 

Ба иттилои С. Назриев, котиби матбуотии ин сарраёсат, санҷиши мазкур дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 1 сентябр зимни баромадашон дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дода шуд, доир гардид. Дар рафти санҷиш бинобар ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан фаъолияти 18 сартарошхона манъ ва 11 сартарош ҷаримабандӣ шуданд. Инчунин, фаъолияти 7 кошонаи ҳусн ва ҳуҷраи хусусии стоматологӣ низ манъ карда шуд. Ду нафар дандонпизишк барои риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ ва панҷ табиби ҳуҷраҳои хусусии стоматологӣ барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. Чунин санҷиш дар шаҳру навоҳии минтақа идома хоҳад ёфт.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рейди муштарак камбудиҳоро ошкор намуд

Хабарҳо
Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Тандурустӣ ва экология
Маҳви доруҳои пастсифат

Маҳви доруҳои пастсифат

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология

Манъи фаъолияти муассисаи хусусии тиббӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҷаримаи 100 дорухона барои риоя накардани гигиена

Ҷаримаи 100 дорухона барои риоя накардани гигиена

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ