Дар як сатр
» » Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27-09-2018, 10:00

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард.

Ин нуқта 24 сентябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, зикр ёфт. Дар ин ҷаласаи Ҳукумат Президенти мамлакат инчунин оид ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маводи озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон ва истифодаи самараноки чарогоҳҳо дастурҳои мушаххас доданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Хабарҳо