Дар як сатр
» » Пахтаро аз оташ ҳифз намоед!

Пахтаро аз оташ ҳифз намоед!

27-09-2018, 09:56

Ҳамасола кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят қабл аз оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хирманҳо, нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта корҳои профилактикӣ гузаронида, ба роҳбарону шахсони масъули зидди сӯхтор, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида маслиҳату пешниҳодҳои муфид медиҳанд.

Мутаассифона, бинобар сабаби хунукназарӣ, саривақт андешидани чораҳои зарурӣ аз тарафи масъулин ва риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ сӯхтор ба амал меояд. Тавре, ки таҳлили сӯхторҳо нишон медиҳад, дар бисёр мавридҳо аз сабаби надоштани шарорахомӯшкунак ва ё дуруст набудани дудбарои трактору автомашинаҳои дар маъракаи ҷамъоварии пахта сафарбаркардашуда пахтаи дар хирманҳо ва дар наздикии роҳҳои мошингард паҳнкардашуда оташ мегирад.

Ҳамчунин, аз шарораи гулхан, беэҳтиётона даргирондани гӯгирд, шамъ, боқимондаи сигор ва ғайраҳо сӯхтор ба амал меояд. Бинобар ин, дар наздикии хирманҳо ва ҷойи нигоҳдории пахта оташ афрӯхтан қатъиян манъ аст. Пахтаи дар мошин ё трактор боркардашударо бо брезент пӯшонидан лозим аст. Ҳамагуна техникаҳое, ки барои ҷамъоварӣ ва кашонидани ҳосили пахта сафарбар шудаанд, бояд бо шарорахомӯшкунаку оташхомӯшкунакҳои тамғаи ОП-5 ва бел таъмин бошанд. Майдончаи пахтахушкунӣ дар хирман бояд мумфарш (асфалтпӯш) ё бо лой ба 5 см ғафсӣ андова шуда бошад.

Истгоҳҳои тракторҳо, автомобилҳо, мошинаҳои пахтачинӣ, ҷойи таъмиркунӣ, равғанмолӣ ва сӯзишворирезӣ бояд аз хирман на камтар аз 100 метр дур ҷойгир бошанд. Ҳангоми дар бордони мошини пахтачинӣ ва ё пахтакашон оташ гирифтани пахта, онро дарҳол дар ҷойи бехавф холӣ карда, чораҳои хомӯш намудани сӯхторро фавран андешидан зарур аст.

Дар хирману нуқтаҳо ва корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз байни коргарону деҳқонон дастаҳои идоравии оташнишонӣ ташкил намуда, ба онҳо тарзи пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторро омӯзонидан лозим аст. Хирманҳо  бояд дар наздикии ҷуйҳо ва ҳавзҳои обдошта ҷойгир шуда, бо олотҳои аввалиндараҷаи сӯхторхомӯшкунӣ, мотопомпаи обкашӣ ва нишониҳои зиддисӯхторӣ таъмин бошанд.

Дар заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо, дар он ҷойҳое, ки он дар масофаи то 150 метр гидрантҳои оташнишонӣ нест, ҳавзҳои об ташкил намудан ҳатман зарур мебошад. Агар дар ҳамин масофа дарё ё ҷӯйи об бошад, ба назди онҳо роҳ кушодан лозим аст. Заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо бояд барои хомӯш намудани сӯхтор бо автомобилҳои оташнишонӣ, насосҳои обдиҳӣ, мотопомпаҳо, рӯдаҳо ва милҳо таъмин бошанд. 

Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё пайдо шудани нишонаҳои он ҳатман ба хадамоти оташнишонӣ ба телефони 01, 2-24-43, 2-77-86 хабар диҳед.

 

У. Талбизода,

нозири тарғибот ва ташвиқоти РХДО-и вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар як рӯз

Ду сӯхтор дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА