Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Чаро кӯдакону наврасон ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ ҷалб мешаванд?


Чаро кӯдакону наврасон ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ ҷалб мешаванд?



Кӯдакону наврасон қишри калидии ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ки ояндаи давлату миллат ба онҳо вобастагӣ дорад. Онҳо, пеш аз ҳама ба омӯзиши таълиму тарбия ниёз доранд. Вазифаи асосии онҳо хондан ва дар оянда давлатро соҳибӣ кардан аст. Мутаассифона, имрӯз дар кишвари мо сӯйистифода аз меҳнати кӯдакону ноболиғон бештар ба чашм мерасад, ки ин ташвишовар мебошад.

Ҷалби кӯдакону наврасон ба меҳнати маҷбурӣ ва вазнин натанҳо дар деҳоти кишвар, балки дар маркази шаҳру навоҳӣ низ зиёд гардидааст. Ҳамарӯза шоҳиди ҳодисаҳое ҳастем, ки дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Бохтар кӯдакон нишаста, барои як маблағи ночиз ба корҳои вазнини ҷисмонӣ, аз қабили савдогарӣ, аробакашӣ, борбардорӣ, пойафзолтозакунӣ ва корҳои ба ин монанд машғул мешаванд, ки наметавонад паёмади хуб дошта бошад. Волидон уҳдадоранд фарзандро то ба синни балоғат расидан тарбия кунанд. Ба ин маънӣ файласуфи бузург Муҳаммад Ғаззолӣ мегӯяд: “Фарзанд амонат дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накун”.

Қонун дар бораи ҳиф зи ҳуқуқи кӯдак ва ҷалби онҳ о ба меҳн ати вазнини ҷисм онӣ чӣ мегӯяд?

Дар ин бора бо коршиноси соҳаи ҳуқуқ Ранжет Ятимов суҳбате оростем. Инак, муҳтавои онро дар зер меорем.

- Вобаста ба хусусиятҳои кор Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди синну соли меҳнатиро муайян намудааст. Ҳамчунин, як қатор қонун, низом ва санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу дохилӣ ба тасвиб расидааст, ки бевосита аз ҳуқуқи кӯдак ҳимоя мекунанд. Ҷалби кӯдакон ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ хилофи қонун аст.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд масъул мебошанд”.

Дар банди 7-и моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару мо дар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст: “Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона ба ӯ роҳ надиҳанд”.

Бо ҳамин тарз, дар банди 21-и моддаи мазкур омадааст: “Фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ, хариду фурӯш, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд”.

Инчунин, дар банди 4-и моддаи 18-и қонуни мазкур гуфта шудааст: “Кӯдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст”. Дар банди якуми моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

“Ҳама гуна амал ва ё аҳде, ки ба воситаи онҳо кӯдак ғайриқонунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндагони қонунӣ ё дигар шахсе (гурӯҳи шахсоне), ки кӯдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай (онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) ба ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ӯ ва ё ба даст овардани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхонии ғайриқонунии кӯдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад”.

Барои иҷро накардани масъулият ба падару модар (ё шахсони онҳоро ивазкунанда), тибқи моддаи 90-и Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ дода мешавад ва ё ба миқдори аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисоботҳо ҷарима таъин карда мешавад.

ЧАРО КӮДАКОН БА МЕҲНАТИ ВАЗНИН ҶАЛБ МЕШАВАНД?

Мо низ ба хотири саҳеҳ намудани мавод ба наврасе чанд суол кардем. Номи ин кӯдак Хуршед (шартӣ) буда, дар ноҳияи Кӯшониён зиндагӣ мекунад ва ҳоло худ дар шаҳри Бохтар машғули хариду фурӯш аст.

-Ҳоло вақти дарс, яъне хонданат аст.

Чаро ҳоло дар дарс нею машғули кор ҳастӣ?

-Пеш завқи хондан доштам ва ҳамеша орзу мекардам, ки оянда як вазифадор ва ё пулдор шуда, зиндагиамро пеш мебарам. Аммо, вақте шароит барои хондан надорӣ, фикр мекунам, шуълаи завқи хондан низ дар дилат хомӯш мешавад. Падарам бемор аст. Зиндагиамон бошад, вазнин аст. Агар кор накунам, зиндагӣ пеш намеравад. Ба хотири вазнин будани шароити зиндагӣ кор мекунам.

-Маблағе, ки дар инҷо меёбӣ, ночиз аст.

Бо ин маблағ то чӣ андоза вазъи оилавиро таъмин карда метавонӣ?

-Ба қарибӣ бародари калониам ба муҳоҷират рафт, пул надоштем, қарз карду чипта харид.

Ҳоло ӯ ҳам кор карда истодааст. Даромади ман дар як рӯз агар кори хуб шавад, то 30-40 сомонӣ мешавад. Бо ин маблағ метавонам ҳадди ақал ягон чиз ба хона барам.

-Бе саводу бе диплом ояндаи худро чӣ гуна тасаввур мекунӣ?

-Имрӯз мебинем, ки бисёр шаҳрвандон бе диплом зиндагиашонро пеш бурда истодаанд. Ман низ дар радифи онҳо наход зиндагӣ карда натавонам. Аттестатамро гирам, ба Россия меравам.

Ба монанди Хуршед даҳҳо кӯдак ҳастанд, ки имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ кор мекунанду аз таълиму тарбия дур мондаанд.

Инҷо айб дар кӣ бошад? Дар бемасъулиятии падару модар ё дар сатҳи паст қарор доштани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва ё дар беназоратии мақомотҳои дахлдор?

Мақомотҳои дахлдор вобаста ба ин масъала чӣ мегӯянд?

Ба ин савол аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон чунин посух гирифтем:

«Аз 4971 ҳолати вайронкунии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ошкоргардида, 2340 нафар падару модари ноболиғон мебошад, ки нисбаташон дар асоси моддаи 60-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 28 ҳолати монеъ шудан барои гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ нисбати 30 нафар (6 нафар писар ва 24 нафар духтар) ошкор карда шудааст. Бар замми ин, барои ба таҳсил фаро гирифтани 81 нафар ноболиғони аз таҳсил дурмонда мусоидат карда шудааст.

Аз ҷониби кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғону ҷавонон мунтазам амалиётҳои мақсаднок бо номҳои шартии “Наврас”, “Оворагард”, “Мадраса”, “Талбанда” ва “Корд” гузаронида мешавад.

Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон барои таълиму тарбияи насли наврас, пешгирии  кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткориҳо аз ҷониби ноболиғон манфиатдор буда, дар ин самт бо дигар мақомотҳои ваколатдори давлатӣ, аз ҷумла раёсатҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи дин ва бахши ҳуқуқи кӯдак мунтазам чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ-пешгирикунандаро амалӣ менамоянд».

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода