Дар як сатр
» » Чашмаҳои шифобахши кӯҳистон

Чашмаҳои шифобахши кӯҳистон

26-09-2018, 09:54

Ноҳияи Балҷувон бо мавзеъҳои табии сайёҳии экологӣ, чашмаҳои шифобахшу соф ва  ширинаш дар Тоҷикистон машҳур аст.

Чашмаҳои таърихиву шифобахшаш дар байни мардум ривоятҳои ҳайратовар дорад, ки онро шунида худ мехоҳӣ, ки беихтиёр аз ин мавзеъҳо дидан намуда, аз обҳои сеҳрноки онҳо бинӯшӣ.

Дар деҳаи Сарой Малики ноҳияи Балҷувон чашмаи бо номи Шифо аз қаъри замин ҷӯш зада мебарояд ва он таърихи қадима ва хусусиятҳои табобатӣ дошта, гӯё овозе ба гӯш мерасад: « Маро бинӯшед, ман оби ҳаётам!» 

Тибқи баъзе  нақлу ривоятҳои калонсолон авлиёи Худоҷӯе бо номи Мулло Шариф, ки зодаи ноҳияи Балҷувон буд, дар соли 1863, ки-35 сол дошт, дар муддати даҳ моҳ пиёда ба зиёрати Маккаи мунаввара рафта омадааст. Вақти аз сафар баргаштан  аз назди чашма мегузашт ва  аз чашма об нӯшида, шукронаи ин неъматҳои табиатро карда, ба номи Худованд дуо карда мегӯяд: "Ин чашма ҳеҷ гоҳ хушк нашаваду ба одамон шифо бахшад”. Аз ҳамон вақт ба чашма номи Шифоро  мондаанд. Ба Мулло Шариф баъди адои  ҳаҷ номи Ҳоҷӣ Шариф гузоштанд. Соли 1937 Ҳоҷӣ Шариф дар синни 109- солагӣ вафот кард. Аммо чашмае, ки бо дуо ба Худованд намудааш ва қадами  мубораки ӯ расида то ҳол ба мардум шифо мебахшад. Дар ҳақиқат, чашмаи Шифо аз минералҳо бой мебошад ва ҳамин аст, ки мардуми деҳа аз оби ин чашма истифода мебаранд, аз бемориҳо кам шикоят мекунанд.

Поёнтар аз ин деҳа як манзараи афсонавие ба назар мерасад, ки аз тамошояш ҳаловат мебаред. Насими сабук вазида, ба димоғ бӯи фораме меоварад. Дарахтони олуча, дулона,  гулхор ва гиёҳои шифобахши пур аз гул, ҳар як нафарро ба худ ҷалб месозад, ки худ мехоҳӣ шамол шуда, байни ин манзараҳо бошӣ.  Дар ин мавзеи дилрабо чашмае ҳаст, ки чунон боҳавасу, ҷӯшу хурӯш фаввора мезанад, аз диданаш мафтун мешавӣ, ки онро ба навиштану  гуфтан наметавонӣ.

Бесабаб нагуфтаанд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Ин чашмаи зулоли ширин бо номи Зулфиқор, ки гӯё зулфи нигоре тобхӯрон мешорад, дар байни мардуми деҳаҳои дуру наздик маъмул гаштааст. Аз нақлу ривоятҳои мардуми куҳансоли деҳа чашмаи Зулфиқор таърихи қадима дорад. Луқмони бузурге бо номи Зулфиқор аз ин мавзеъ мегузашт, аз гармии ҳаво хаставу ташна шуда, дар ҳамин ҷой нишаста, ба номи Худованд дуо карда, бо асои дасташ ба замин мезанад ва аз он ҷой оби софу ширин фаввора мезанад. Аз ҳамон вақт ба чашма номи Зулфиқорро мондаанд. Дар назди чашма санге мавҷуд аст, ки дар он гӯё изи пойи  Ҳоҷӣ Зулфиқор гузошта шудааст.          

Дар масофаи тақрибан 1-1,5 км аз чашмаи Зулфиқор дуртар чашмаи дигари шифобахше бо номи Нигор, ки он ба номи зани Худохоҳ Биби Нигор монда шудааст мавҷуд мебошад. Ин чашма аз дигар чашмаҳо бо оби сарду ширинаш  фарқ мекунад. Чунин чашмаҳои шӯху мусаффо, ширину шифобахш дар  ноҳияи Балҷувон хеле зиёданд. Аз шаҳрвандон  хоҳиш менамоем, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ин чашмаҳои шифобахшу обҳои зулолдоштаи мавзеъҳои сайёҳӣ-экологӣ дидан намоянд.

Дар ҳақиқат, чашмаҳои муъҷизаовар,  шифобахшу софи ширинаш, мавзеъҳои сайёҳӣ табиати зеборо боз ҳам зеботар месозад. Тоҷикистон кишвари афсонавӣ буда, мавзеи  Балҷувон аз гиёҳҳо ва чашмаҳои шифобахш бой мебошад, ки сайёҳон дар соли Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ин мавзеъҳо сафар намоянду аз табиати зебои он ҳаловат баранд.

Убайдулло Раҳматов,

сардори шуъбаи банақшагирии муҳосиботи  Раёсати ҳифзи муҳити зисти

вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Ховалинг мавзеи тамошобоб аст

Ховалинг мавзеи тамошобоб аст

Туризм

Ифтитоҳи меҳмонхонаи нав дар Ш. Шоҳин

Хабарҳо
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ