Дар як сатр
» » Корвон аз роҳи худ намегардад

Корвон аз роҳи худ намегардад

24-09-2018, 09:48

Дар санаи 10 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби, хоинони миллат пахш гардидани суханони номатлуб дар бораи сиёсати имрӯзаи мамлакат, хусусан  дар бораи фаъолияти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маро бисёр нороҳат кард.

Биёед ба таърих назар меафканем. Баъд аз ба даст даровардани Истиқлолияти миллӣ аз ҷониби ана ҳамин гуна шахсони ватанфурӯш дар ватанамон бесарусомонӣ сар зада буд. Халқу миллат дар назди ин талотум худро гум кард, куҷо рафтану, чӣ кор карданро намедонист. Чандин ҳазорҳо одамони бегуноҳ аз дасти ин нобакорон ҷон бохтанд. Кӯдакони беҳисоб ятим монданд. Дар ин рӯзҳои сангин фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба майдони сиёсат омад ва барои ба оромӣ овардани он мамлакат бо заҳматҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Ӯ ба сиёсати хирадмандонаи худ такя карда, дар ватанамон сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмиро овард.

Имрӯз мо шукронаи онро дорем, ки  Пешвои миллат ба мо сулҳу оромӣ, ва осудагиро ато намудааст. Дар фазои ватани азизамон кабутарҳои сулҳ пар мезананд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ин бобат як маротиба пешпо  хӯрд, дигар,  ба суханони онҳо бовар намекунанд, зеро бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо бахти худро ёфтаанд. 

Чӣ хеле  ки мақоли халқ  мегӯянд: " Саг аккос мезанад, корвон мегузарад”. Душманони ватану миллат ҳам мисли саг аккос задан мегиранд, аммо Тоҷикистон мисли  корвони бузург бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон гирифтааст, ки ҳеҷ гоҳ, лаҳзае ҳам бошад, ба ин сагҳо аҳамияте нахоҳад дод.

Сулҳияи Давлат, донишҷӯ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Корвон ба роҳи худ равон аст

Корвон ба роҳи худ равон аст

Сиёсат, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
Бадхоҳи касон ба мақсад намерасад…

Бадхоҳи касон ба мақсад намерасад…

Хабарҳо, Сиёсат
Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Номаҳои Шумо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ