Дар як сатр
» » Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

22-09-2018, 02:46

Ду соли охир САҲА барқасдона дар як толор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои мухолифине, ки тарки ватан кардаанд, нишаст баргузор мекунад. Дар ҳоле, ки ҳамагон дурӯягии М. Кабириро медонанд. Ин нишаст ба минбари пурбаҳси масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар Тоҷикистон табдил шудааст.

Мардуми сарбаланди тоҷик аллакай дарк намудааст, ки тайи чанд моҳи охир дар сархати расонаҳои иттилоотӣ маводҳои ифшокунандаи симои аслии наҳзатиён ҷой гирифтааст. Собиқ роҳбари ҲНИ  М. Кабирӣ ва дигар аъзои ватангумкардаю ғуломи ҳалқабаргӯши хориҷиён шуда, давлату Ҳукумати Тоҷикистонро  аз минбарҳои давлати хориҷӣ сиёҳ карданӣ мешаванд ва маводҳои васоити ахбори оммаи кишвари моро ғаразок ва туҳмат мешуморанд.

 Рӯзи 9 сентябри соли равон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон,  Эъломияи «Паймони миллӣ»-ро намояндагони чаҳор созмони мухолифини дар хориҷа паноҳбурда  – Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ таъсис дода имзо гузоштаанд.

Бо ҳадафи ширкат дар ин баҳсу баррасиҳо аз Тоҷикистон чанд намояндаи Ҳукумат ва ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ иширок намуданд. Яке аз ҳадафҳои  ташкили Иттиҳод сарҷамъии неруҳои мухолифин маънидод мешавад. М. Кабирӣ аз соли 2015 то кунун раҳбарияти ҲНИ дар хориҷа қарор дорад. Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд.

Наҳзатиҳоро имрӯз халқ хуб дарк мекунад, кӣ созмонҳои террористию экстремистии ҳизби мамнӯъ ва роҳбарони фирории онро ҷонибдорӣ мекунанд ва хуб медонанд, ки имрӯз ин ташкилоти мамнӯъ чӣ ҳасту роҳбари он Кабирӣ кӣ аст. Ин ифротгаройён бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтони беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ "туҳфаҳои қиматбаҳо” мегирад.

Тавре имрӯзҳо ба назар мерасад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ роҳбарони ташкилоти мамнуъ ва экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз баргузории конфронс ва ё кадом як нишасти хурд, ки шояд аз чанд нафар аъзои гурезаи он иборат аст, хабар медиҳанду дар бораи ватан, миллат, мазҳаб, дин ва ғайраҳо сухан мекунанд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Роҳбарону масъулони ин ҳизб ба хотири ба даст овардани маблағҳои ночиз заминаи ихтилофи мазҳабиро ба вуҷуд оварданд, ки дар оянда метавонад, хатарҳои гӯшношунидро дар минтақа роҳандозӣ кунад.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон хуб медонанд, ки наҳзатиҳо арзишҳои муқаддас, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Аммо роҳбарони ҲНИ на танҳо миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Ҳоло роҳбари фирории ҲНИ  М. Кабирӣ дар хориҷа дар паноҳи хоҷагони худ қарор дораду бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд. Он ҳамоишҳое, ки дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Варшава баргузор гардид, давоми ҳамон дасисабозиҳои ин зархарид аст. Аз нақша ва ҳадафҳои ғаразноки онҳо тамоми мардуми Тоҷикистон огоҳ буда, ба онҳо нафрат мехонанд. Рафтор ва кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти дини мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи намояндагони ҲНИ- ро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери ҳимояи хоҷагони хориҷии худ паноҳ мебаранд, мешиносанд. Кабирии хоин мехоҳад боз мардумро бо ҳамдигар зид кунад. Аммо дигар дер асту миллат ҳушёр!

Комрони БАХТИЁР,

Диловар Сулаймонов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамоиши ватангадоён

Номаҳои Шумо

Ҳамоиши беҳамиятон

Хабарҳо

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат
Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Хабарҳо, Сиёсат