Дар як сатр
» » Хатари ифротгароӣ

Хатари ифротгароӣ

25-09-2018, 09:44

Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоини ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ26-уми июли соли 2015-ум дар бораи ин чунин гуфтааст: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан-Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

Шояд саволе пайдо шавад, ки чӣ гуна онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хоинони ватану миллат номидан мумкин асту таркиби ҷинояти онҳо чун хоини Ватану миллат дар чист?

Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди «хилофат»-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, умуман, вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихи мо муқобил буда, нисбат ба онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, омадан ва ғалабаи онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақили мо ва нобудии миллати мо мебошад. Пас, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсади онҳо ва дар фаъолияти зиддидавлативу зиддимиллии онҳо шариканд. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсад ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини ватан ва хоини миллат мешавад.

Албатта, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо, илова бар ин, бо сабаби дар муқобили ватану миллати худ қарор гирифтан, онҳо хоини Ватану миллат низ ба ҳисоб мераванд. Ин аст, масъалаи хиёнат ба ватану миллат дар таркиби ҷинояти ин гуна шахсон. Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи масъала барои ташаккули муносибати оштинопазири онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ бис-ёр муҳим мебошад.

Барои фаҳмидани чӣ қадар аз таълимоти исломӣ фарқ доштани ақидаи ифротгароёни динӣ чанд мисол меорам:

Масалан, дар чанд соли ҳукумати гурӯҳи ифротгарои «Толибон» дар Афғонистон, ҳамаи ҷаҳон шоҳид буд, ки ин гурӯҳ нисбат ба илму фарҳанг, мактабу маориф, занону духтарон ва, умуман, нисбат бо ҷомеа чӣ амалҳои даҳшатнокеро раво дидаанд. Дар ҳоле ки ислом илму маърифатро тарғиб мекунад ва пайғамбари ислом худро боифтихор «муаллим» номида буданд, гурӯҳи ифротгарои «Толибон» баробари ишғол намудани қудрат тамоми мактабҳо ва донишгоҳҳои Афғонистонро бастанд. Онҳо занонро, ҳатто аз ҳуқуқи ба кӯча баромадан маҳрум карда, кишварро ба як зиндони калон табдил доданд. Агар соли гузашта мо аз як ҳодисаи сангсору оташ задани духтари бегуноҳ Фархунда дар шаҳри Кобул даҳшатзада шуда бошем, чанд сол пештар дар замони ҳукумати «Толибон» чунин ҳодисаҳо ҳар рӯз бо қарори расмии додгоҳи шариатии «Толибон» сурат мегирифт.

Дар охир, аз ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолону шахсони соҳибэҳтиром даъват ба амал меорам, ки аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мазҳабии худ камари ҳиммат банданд ва дар муқовимат бо афкори экстремистӣ-террористии «Салафия», ки аз тарафи ташкилотҳо ва давлатҳои алоҳидаи моҷароҷӯй пуштибонӣ меёбад, муташаккилона мубориза баранд, зеро бетарафӣ ва бешарафӣ дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ аз тарафи фарзандону наберагони мо ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд.

Ҷамолиддин ФАЙЗАЛӢ,

ноҳияи ШамсиддинШоҳин



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гумроҳон аз Ватан меноланд

Чеҳранигорӣ, Сиёсат
Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги ҷ ...

Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги ҷ ...

Сиёсат
Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо