Дар як сатр
» » РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

24-09-2018, 13:42

Дар бораи сияҳкориҳо, сӯйистифода аз ислом ва дигар арзишҳои инсонӣ, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ анҷом додаанд ва ҳанӯз ҳам идома медиҳанд, кули мардуми Тоҷикистон аллакай маълумоти мукаммал доранд ва хулосаҳои даркорӣ баровардаанд.

Ҳатто онҳое, ки дар гузашта аз ин ҳизб пайравӣ мекарданд, ба гумроҳии худ иқрор шуда, имрӯз дигаронро ҳушдор медиҳанд, ки ба ин масири нобакуҷо ворид нагарданд.

Мутаассифона, роҳбарони ин ташкилоти террористию экстремистӣ ва хоҷагони онҳо аз хориҷи кишвар истода, тамоми саъю талошашонро барои ғуборолуд сохтани фазои осуда, халалдор кардани тинҷию ободии Тоҷикистон равона месозанд. Барои расидан ба ҳадаф раҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ҳатто набераи беморашро низ ба объекти «сиёсӣ» табдил дода, ягон инсони солимақл аз бемории шахси дигар, хосатан агар тифли маъсуме бошад, шод намешавад.

10 сентябр дар пойтахти Полша – шаҳри Варшава ҷаласа доир ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо оид ба андозагирии инсонӣ, ки ҳамасола Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи инсони (ДИДҲИ) САҲА доир менамояд, баргузор шуд. Дар ин нишаст ҳам Кабирӣ ва пайравони бехирадаш мехоҳанд чун соли гузашта эътирозу хархаша кунанд, аммо САҲА ҳама гуна эътирозу митингро манъ кард.

Дар кори ин нишаст ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии мамлакат Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Н. Зоҳидӣ зимни суханронии худ муҳимияти сулҳ, субот ва ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими низоми давлатӣ, ки бар принсипҳои адолати иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва тартибот асос ёфтааст, таъкид намуд.

«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ муқобилони сохти ҳуқуқӣ, демократӣ ва дунявии Тоҷикистон аз шумули унсурҳои ҷиноии экстремистӣ, пеш аз ҳама, аъзои ТТЭ ҲНИ борҳо кӯшиш намуданд, ки  вазъи кишварро носубот гардонанд. Вале мардуми Тоҷикистон ба ТТЭ ҲНИ, пайравони он дар дохили кишвар ва пуштибононаш аз хориҷ муқобилияти муносиб нишон дод. Нокомии кӯшишҳои носубот сохтани вазъ дар Тоҷикистон натиҷаи таъмини волоияти қонун ва тартибот, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон, манфиати давлат ва ҷомеа дар Тоҷикистон мебошад», - иброз дошт Н. Зоҳидзода.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаҳо оид ба андозагирии инсонӣ буд ва ҳаст, вале иштироки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсиро, ки дар кишварҳои САҲА дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва амалҳои террористӣ, инчунин тарғиби идеологияи хушунатомез ва бетаҳаммулии динӣ айбдор мешаванд, ғайри қобили қабул мешуморад. Ба сифати чунин ҳизбҳо ТТЭ ҲНИ, ки даст доштанаш дар фаъолияти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо далелҳо ва нишондодҳои зиёди раднопазир тасдиқ гардидааст, мисол оварда шуд.

Дар робита ба ин Н. Зоҳидӣ аз давлатҳои иштирокдор даъват ба амал овард, ки ба қоидаҳои мавҷуда ва тартиботи ДИДҲИ доир ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаҳо оид ба андозагирии инсонӣ ислоҳот ворид карда шавад, то ки ба истифодаи майдони САҲА барои пешбурди мақсадҳои тахрибкоронаи унсурҳои ҷиноӣ роҳ дода нашавад.

Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳи 270-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Полша – яке аз кишварҳои калонтарини Аврупои Марказӣ – таҳсил мекунанд, рӯзи 10 сентябр бо пахши як изҳорот фаъолияти ноҷавонмардона ва амалҳои иғвоангези гурӯҳҳои зиддиконститутсионии Тоҷикистонро маҳкум намудаанд. Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст, ки фаъолияти фаъолону роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломиро, ки дар кишварҳои Аврупо худ-ро паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ карда, Ватани худ, миллати худ, халқи худ, қавми худ, давлати худ ва тамоми арзишҳои ватандориро дар назди ҷомеаи Аврупо сиёҳ мекунанд, ҳамзамон барои равнақи Тоҷикистону ободию осоиштагии сокинони кишвари азизамон бо ҳар роҳ монеа эҷод мекунанд, бо чашми худ дар Полша дида ва эҳсос карда, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллии мо, донишҷӯёни тоҷик боло гирифт ва моро нагузошт, ки ба ояндаи Ватанамон бетарафӣ намоем.

«Зуҳуроти терроризму экстремизм, нооромӣ, бесуботӣ, иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ ва бенизомиро, ки роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом дар кишварҳои Аврупо пешаи худ қарор додаанд, маҳкум карда, маҳз барои рушди Ватанамон – Тоҷикистон талош меварзем», - зикр мешавад дар ин изҳорот.

Ҷойи таъкид аст, ки дар ҳақиқат, тамоми мардуми Тоҷикистон мухолифати худро ба ақидаҳо, фаъолият, идеологияи ин ташкилоти террористӣ нишон дода, онро маҳкум мекунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон пуштибони сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва ба хотири расидан ба зиндагии шоиставу рушди босуботи Ватани маҳбуб дар канори Роҳбари давлат меистанд.

Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат

Ҳамоиши ватангадоён

Номаҳои Шумо

Ҳамоиши беҳамиятон

Хабарҳо
РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

Хабарҳо

Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. ...

Хабарҳо