Дар як сатр
» » Тавсияи ҷарроҳ: «амали хатна бояд то 20-рӯзагии тифл анҷом дода шавад»

Тавсияи ҷарроҳ: «амали хатна бояд то 20-рӯзагии тифл анҷом дода шавад»

24-09-2018, 10:25

Аз оғози соли 2018 дар ҳуҷраи амалиёти хатнагузаронии беморхонаи марказии шаҳри Бохтар дар зиёда аз 400 кӯдак суннати хатна анҷом дода шудааст.

Абдумалик Қурбонов, ҷарроҳи кӯдакона ва ҳамзамон масъули ҳуҷраи хатнагузаронии беморхонаи марказии шаҳри Бохтар, зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки наздики 40%-и кӯдакони хатнашуда дар зоишгоҳи ҳамин бемористон зода шуда, ин амалиёт дар давоми 20 рӯзи пас аз таваллуди онҳо сурат пазируфтааст.

- Дар доираи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар муассисаи мо ҳуҷраҳои махсус барои хатна ва ҳуҷраи модару кӯдак таъсис дода шуда, айни ҳол ба таври ройгон фаъолият карда истодаанд, - идома дод ҷарроҳ А. Қурбонов. – Ҳуҷраи хатнагузаронӣ бо тамоми асбоби ҳозиразамони тиббӣ таъмин мебошад. Амали ҷарроҳии хатнаро мо дар давоми се дақиқа тавассути дастгоҳи коагулятор (лазер) анҷом медиҳем, ки барои саломатии тифл комилан безарар аст. Бо чунин усул аз хунравӣ пешгирӣ шуда, кӯдак дар фурсати кӯтоҳ сиҳат меёбад. Кӯдаконе, ки аз ҷониби ҷарроҳони беморхонаи мо хатна кунонида шудаанд, асосан аз навзод то 7-сола буданд.

Ба иддаои ин табиб, аксари писарбачаҳое, ки аз 4-5-сола болоанд, ҳангоми хатнагузаронӣ метарсанд, зеро онҳо аллакай дорои фаҳму дарк мебошанд. Агар хатнаи кӯдак дар ин синну сол ё дертар сурат бигирад, аз эҳтимол дур нест, ки ба равони вай латма ворид шавад ва ӯ аз тарсу ваҳми зиёд ба кумаки психолог ниёз пайдо мекунад. Аз ин рӯ, А. Қурбонов тавсия медиҳад, ки хатнаи писарбачаҳо дар рӯзҳои аввали умри онҳо гузаронида шавад.

- Тифли навзод ҳанӯз намефаҳмад, ки тарс чист, - идома дод табиби ҷарроҳ. – Ҳар қадар барвақт хатна гузаронида шавад, ҳамон қадар бар суди худи кӯдак аст. Ин кор инчунин барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳои вобаста ба узвҳои таносул бисёр муҳим мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки соли 2017 ҳамагӣ 18 ҳазор нафар кӯдакон хатна шуда, дар 6 моҳи соли 2018 зиёда аз 33 ҳазор нафар кӯдакон ба таври ройгон хатна карда шудаанд, ки аз ин шумора қариб 3000 нафар кӯдакони синни то 20-рӯза мебошанд. Ҳол он ки дар як сол ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 106 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Аз ин шумора 55 ҳазор нафар писар буда, дар як сол ҳамагӣ 60 фоизи онҳо хатна карда мешаванд.

Бо мақсади аз сирояти ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доштани кӯдакон ва ҳифзи саломативу вазъи рӯҳии онҳо Роҳбари давлат супориш доданд, ки дар кишвар фаъолияти устоҳо ё табибони хатнакунанда пурра қатъ карда, амалиёти хатна танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва тавассути ҷарроҳони касбӣ анҷом дода шавад.

Тавре ки ба рӯзномаи «Хатлон» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, имрӯзҳо дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 425 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки тайи 7 моҳи соли 2018 дар кишвар ба 33144 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст.

- Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 203 ҳуҷра ташкил гардида, ба 12368 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шудааст, - зикр кард манбаъ. - Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017 рӯйи даст гирифта шудааст.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчунин гуфтанд, ки ҳуҷраҳои хатнагузаронӣ бо миқдори кофии доруҳои бедардкунанда ва коагулятори (корди) барқӣ барои гузаронидани хатна ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъминанд. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷарроҳони кӯдакона таъмин карда шудаанд. Инчунин, бо мақсади фароҳам сохтани фазои мусоиди рӯҳиву равонӣ барои кӯдакон долони ҳуҷраҳо бо телевизор, бозичаҳо ва расмҳои гуногун оро дода шудаанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар моддаи 9-и Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумла қайд гардидааст, ки хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон пешбинӣ намудааст, ки мутобиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатнаи писарони синни то 20-рӯза бо розигии падару модар дар муассисаҳои давлатии тиббии дахлдор бо кушодани таърихи беморӣ аз ҷониби ҷарроҳ, урологи кӯдакона зери беҳисгардонии мавқеӣ дар заминаи пешдармонии инфиродӣ ба таври ройгон ба кӯдакони солим гузаронида мешавад. Инчунин пеш аз амалиёти хатна писарони навзод ҳатман аз машварати неонатолог гузаронида мешаванд, амалиёти хатна ба писарони солими синни аз 20-рӯза боло дар муассисаҳои давлатии тиббӣ тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

Дар ин росто, ҳамзамон гузаронидани амалиёти хатнаи писарон дар ҳолати ҷой доштани ғайринишондодҳо, усулҳои оддии амалиёти хатна, хислатҳои мусбати хатнаи писарон ва ғайра ба тариқи муфассал пешниҳод гардидааст.

Хатнасур дар урфи мардумии мо дар шакли маъракаи хурсандӣ тарзе пазируфта шудааст, ки волидайнро гирифтори қарз мегардонаду амалиёти анҷом додани он дар 5-7-солагӣ барои писарбачагон асабоният ва зиёнҳои равонӣ ворид менамояд. Аслан ин амал ҳам суннати бозмонда аз Иброҳими Халил аст. Дар байни мусулмонон анҷом додани хатнаи писар нишонаи мансубият ва пайравӣ доштани ӯ ба дини ислом аст, на бештар аз ин. Яҳудиён ва масеҳиёну мусулмонони арабтабор низ ин амалро иҷро мекунанд. Танҳо фарқ дар он аст, ки онҳо на дертар аз ҳафтрӯзагии таваллуди писар ин суннатро дар муҳити муассисаҳои тиббӣ ҳамчун як амалиёти хурди пизишкӣ анҷом медиҳанд, вале мо онро баъд аз омодагии тӯлонӣ дар ғояти серхарҷию исрофкорӣ ва худнамоию зоҳирпарастӣ бо ворид намудани зиёни моддию маънавии зиёд ба буҷаи хонаводаи худ барпо менамоем. Ба андешаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, чунин тарзи рафтор танҳо дар минтақаҳои мусулмоннишини Иттиҳоди Шӯравии собиқ хусусияти бидъатомез дорад. Аммо волидайни кишварҳои дигари мусулмонӣ маблағу пасандозҳои худро барои рушди сармояи инсонӣ, донишандӯзӣ ва мутахассиси варзида шудани писаронашон сарф мекунанд. Аз чунин тарзи рафтори онҳо ҳам худашон дар куҳансолӣ давлати пирӣ меронанду ҳам давлат аз илму ҳунари онҳо манфиат мебардорад.

Соҳибони дини ислом хатнаро ҳамчун як амали муқаррарӣ анҷом медиҳанд ва пири мазҳаби ҳанафӣ – Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит низ чунин фармудаанд. Пас, барои мо низ беҳтар аст, ки хатнасури писаронамонро дар шароити ҷавобгӯ ба талаботи тиббӣ анҷом диҳем. Бар замми ин, як теъдод маъракаҳои ақиқа, номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар чорабиниҳои марбут ба таваллуди кӯдак мавҷуданд, ки аз муҳити оила берун омада, доираи вусъати бештар ва хусусусияти хурофотӣ касб кардан доранд. Табиист, ки роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи чунин тамоюлҳои нохушоянд шуданд.

Тибқи талаботи қонун, хатнасури кӯдакон дар доираи оила бе забҳи чорво ва даъвати сарояндагон сурат мегирад. Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун (28 августи соли 2017) вазъият боз ҳам беҳтар гардид ва мушкилоте, ки хонаводаҳо барои хатнаи як тифл доштанд, ҳалли пурра ёфт.

Ҳангомаи ИСМАТ,

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД» ДАР МУАССИСАҲОИ ТИББӢ

Хабарҳо
С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

Тандурустӣ ва экология
Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА