Дар як сатр
» » Ҳамоиши ватангадоён

Ҳамоиши ватангадоён

22-09-2018, 11:24

Рӯзи 10 сентябр дар пойтахти Полша- шаҳри Варшава ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ва интихоботи демократӣ ба кор шурӯъ кард. Намояндаи САҲА Стив Свердлов иброз намуд: "Мо хеле шодем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли ҷорӣ ниҳоят тасмим гирифт, ки дар ин нишаст иштирок намояд. Дар асл ҳадафи ин ҳамоиш муколамаи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ – намояндагони давлат, мухолифон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар аст, то ҳама ҷонибҳо тавонанд фикру андешаҳои худро ба ҳамдигар баён кунанд ва ҳарфи дигарҳоро бишнаванд. Мо дар Human Rights Watch бисёр умедворем, ки битавонем бо ҳайати Тоҷикистон як музокираи ҷудогона барпо кунем ва сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳама татбиқ мешавад, на фақат барои мо”. Ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башари САҲА, дар баробари фаъолони мухолифини дар хориҷи кишвар,  аз ҷумла  аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва чанд мақоми баландпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард. Дар толори маҷлисгоҳи САҲА баррасии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷараён гирифт. Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава миёни баъзе аъзоёни ҳукуматӣ ва мухолифин муноқиша рух дод. Ин муноқиша ба кадом хотир буд. Вақте ки ин ватанфурӯшу мазҳабфурӯшон диданд, ки аз ҷониби собиқ ҳаммаслаки онҳо Аёмиддин Сатторов сиру асрори онҳо фош шуда истодаасту дигар ба сафсатаи онҳо ба касе бовар намекунад, онҳо чунин иғво даст заданд. Ин мазҳабфурӯшон диданд, ки САҲА аз асли воқеа, дилу нияти нопоки мухолифин огоҳ гардида, бо давлати мо наздикӣ пайдо намуда истодаанд, ба чунин разилӣ даст задаанд. Аёмиддин Сатторов дар ҳайати ҳукуматӣ аз Тоҷикистон барои  ширкат дар ҷаласаи САҲА омада, дар  ин ҳамоиш суханронӣ намуда, иброз кард, ки дигар  узви ҲНИ нест ва ин ҳизбро дар талоши бесубот кардани кишвар гунаҳгор мешуморад. Баъди чунин шармандагиҳову беобрӯшавӣ дар ҳамоиши ин ташкилот намояндагони мухолифин ба ғайр аз даст ба иғво задан дигар чорае надоштанд. Ин ҳамоиш симои аслии ин хоинони миллатро нишон дод.

 

Исломиддин Нарсов,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамоиши беҳамиятон

Хабарҳо

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо

“БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…” (Ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст)

Сиёсат
ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!

ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!

Хабарҳо

Илова ба филми -БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ

Хабарҳо, Сиёсат