Дар як сатр
» » Тоҷикистон хонаи умеди мо аст

Тоҷикистон хонаи умеди мо аст

21-09-2018, 08:20

ИЗҲОРОТИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ, ФАРҲАНГӢ ВА МАЪРИФАТИИ ӮЗБЕКЗАБОНҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Нуриддин Ризоӣ-узви фаъоли ташкилоти экстремистии "Гурӯҳи 24” дар ҷаласаи САҲА суханронӣ намуда, бидуни асос ва далел дар бораи фишороварӣ ва зӯроварӣ ба ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла ба ӯзбекзабонҳо таваққуф намуд. Иддаои Н. Ризоӣ аз иғвою туҳмат беш набуда, ҳадафи ӯ танҳо як чиз аст: бадном ва беобрӯ намудани Тоҷикистон ва халалдор сохтани дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек.

Тавре маълум аст, вақтҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибат ва равобити ду ҷумҳурӣ, миллатҳои дӯсту бародар бештар таҳким ёфта, мушкилоти мавҷудбуда ҳалли худро пайдо карданд.

Дар доираи мулоқотҳои сарони ду давлат аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардидани бузургтарин беморхона дар ноҳияи Қубодиён, дар ноҳияи Спитамен сохта шудани мактаби замонавӣ барои ӯзбекзабонон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Самарқанду Фарғонаи Ӯзбекистон бунёд гардидани ду мактаби бузургу замонавӣ барои тоҷикзабонон дар назар аст. Инчунин, таъсиси боғи истироҳату фарҳангии ба номи Алишер Навоӣ шурӯъ гардид, ки дар он пайкараҳои фарзандони фарзонаи ду миллат-Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ гузошта мешаванд.

Кушода шудани сарҳадҳои байни ду ҷум-ҳурӣ, осон гардидани омадурафти шаҳрвандони ду давлат, ба дидори ҳамдигар расидани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои нек ва ҳасанаи ин ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Бояд зикр кард, ки гӯё дар Тоҷикистон ба ӯзбекзабонҳо фишор меоварда бошанд. Ин иддаои Нуриддин Ризоӣ як ҳарзаи бебунёд ва хушку холӣ мебошад. Дар мисоли вилояти Хатлон равшан метавон дид, ки тамоми ӯзбекзабонҳо аз ҳамаи имтиёзҳое, ки тоҷикон доранд, низ бархӯрдоранд. Садҳо ӯзбекзабонҳо дар мансабҳои раҳбарӣ фаъолият доранд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд, озодона бо тиҷорат машғуланд ва ғайра. Дар аксари шаҳру навоҳии вилоят, хусусан дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ёвон, Хуросон, Вахш, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс ва ғайраҳо, мактабҳои ӯзбекӣ амал мекунанд. Ба наздикӣ дар ноҳияи Носири Хусрав боз як мактаби ӯзбекӣ сохта шуд.

Дар баромади худ Н. Ризоӣ мехоҳад ҷомеаи ҷаҳонро ба иштибоҳ андозад ва даъво дорад, ки собиқ раиси Ҷамъияти ӯзбекзабонони вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов бинобар он ки гӯё дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номзадии мухолифин ҷонибдорӣ кардааст, бедарак аст ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест.

Салим Шамсиддинов дар асл як нафари миллатгаро, шахсияте, ки байни тоҷикону ӯзбекон пайваста нифоқ бармеангехт, маълум буд. Ӯ ҳамеша барои он мекӯшид, ки ду миллати бо ҳам дӯсту бародар бо ҳам душман шавад.

Нуриддин Ризоӣ ва думравони вай нияти бади на танҳо байни тоҷикону ӯзбекон, балки байни худи тоҷикон тафриқа андохтанро дорад. Аз ин рӯ, даъво дорад, ки дар Тоҷикистон гӯё ба намояндагони Бадахшон низ зӯроварӣ зоҳир мегардад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гӯё ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надорад. Чунин сафсата боиси тааҷҷубу таассуф мешавад. Бадахшониҳо дар қатори намояндагони дигар маҳалҳои кишвар барои ободонию пешрафти ватан софдилона заҳмат мекашанд.

Сафари кории ҳамин шабу рӯз ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом додаистодаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани он аст, ки ин гӯшаи ватан аз мадди назари роҳбарияти ҷумҳури дур нест. Дар ҷараёни сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон чандин мактаб, иншоотҳои мухталифи саноатӣ ва таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.

Тоҷикистон кишвари сермиллат буда, дар он намояндагони халқҳои қазоқ, қирғиз, туркман, рус, кореягӣ, олмонӣ ва ғайраҳо умр ба сар мебаранд. Онҳо дӯстонаю муттафиқона зиндагӣ мекунанд ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои онҳо шароитҳои якхела муҳайё намояд, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва маданияту забони онҳо баробар рушд намояд.  Нуриддин Ризоӣ иброз дошт, ки гӯё дар Тоҷикистон тоҷикон 80 дарсад ва ӯзбекон 13 дарсадро ташкил медиҳанд. Ин даъво низ нодуруст аст. Зеро теъдоди ӯзбекон дар Тоҷикистон қариб 18 дарсадро ташкил медиҳад, ки онҳо барои пешрафти ватани ягонаамон нақши бориз мебозанд.

Чанде пеш дар вилояти Хатлон баргузор гардидани Фестивали фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ шоҳиди ин гуфтаҳоанд. Дар фестивал намояндагони ҳамаи ақаллиятҳои миллии сокинони вилояти Хатлон бо сару либоси миллӣ, бо суруд ва рақсу бозиҳои миллии худ баромад карданд, ба иштирокчиён таомҳои миллии худро пешниҳод намуданд. Ин чорабинӣ, бешубҳа, барои боз ҳам устувортар гардидани дӯстии халқҳо такони қавӣ бахшид.

Хулоса, дӯстию бародарии сокинони Тоҷикистон, ки аз қаъри асрҳо давом дорад, басо қавӣ ва мустаҳкам буда, кӯшишҳои ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифин, ба мисоли "Гурӯҳи 24”, қудрате надоранд ба ин дӯстию бародарӣ латма бизананд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек аз нав эҳё мегардад

Ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек аз нав эҳё мегардад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА

Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА

Хабарҳо, Сиёсат
Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Арсаи кишоварзӣ
Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо

Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР