Дар як сатр
» » Балҷувон рӯ ба рушд ниҳодааст

Балҷувон рӯ ба рушд ниҳодааст

27-09-2018, 12:16

Сокинони ноҳияи баландкӯҳи  Балҷувон чун дигар сокинони ватани азизамон 27–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил намуданд. Дар ҳудуди ҷамоатҳо, деҳот ва маркази ноҳия даҳҳо иншооти хизматрасонӣ қомат афрӯохтанд. Айни замон корҳои бунёдкориву ободонӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат ёфтааст.

Ноҳияи Балҷувон зодаи даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон ба шумор меравад. Ноҳия сол то сол рушд намуда, биноҳои хушсохти ҳозиразамон қомат афрохта, ба ҳусни ин мавзеъ ҳусни тоза зам менамоянд. Идораҳои маъмурию хизматрасонӣ, таълимиву тандурустӣ бунёд ёфтанд, ки натиҷаи сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як сафари кории Роҳбари давлат ба ин мавзеъ файзу баракат, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба бор овард. Айни замон корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ин ноҳия идома дорад. Бунёди бинои наву ҳозиразамони маркази ҷавонон имкон фароҳам овард, ки ҷавонон дар ин марказ фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар намуда, ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул гарданд. Маркази тозабунёди ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ ёфт. Дар ин марказ омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ, компютер ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Минбаъд ҷавонон метавонанд касбу ҳунари хостаи хешро аз худ намуда, ба нафъи ҷомеа хизмат намоянд. Имрӯзҳо, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, дар ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудааст. Сохтмони бинои литсейи касбӣ-техникӣ барои 250 нафар идома дорад.

Тавре ки сарвари ташкилоти таъмиру сохтмонии ноҳия Файзалӣ Хоҷаев иброз дошт, 12 нафар сохтмончиён дар бунёди ин боргоҳи ҳунар ҷалб гаштаанд ва тариқи шартнома ҳаққи хизмат мегиранд. Тибқи лоиҳа барои бунёди литсейи касбӣ-техникӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 млн сомонӣ маблағгузорӣ мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар литсейи мазкур бо маром идома дорад. Ташкилоти таъмиру сохтмонии ноҳия дар бунёди бинои нави мақомоти прокуратураи ноҳия низ саҳми хешро гузоштаанд. Имрӯзҳо сохтмони қасри фарҳанги ноҳия бо маром идома дорад. Дур нест, ки сохтмони мазкур бо сифати баланди меъморӣ анҷом ёфта, дари хешро ба рӯйи дӯстдорони фарҳангу ҳунари волои ниёгон мекушояд. Дар ноҳия сохтмони иншооти дигар-маркази хизматрасонии «Бале ҷавон»  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шуҳрат Тешаев  идома дорад. Дар ин марказ тибқи лоиҳа бозор, толори баргузории ҷашну маъракаҳо, кошонаи ҳусн бунёд  меёбад. Соҳибкори дигари маҳаллӣ Фурқат Хоҷазода тасмим гирифтааст, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммоми замонавиро сохта, пешкаши мизоҷон намояд. Бо иқдоми неки Шермуҳаммади Шоҳиён дар ноҳияи Балҷувон сохтмони толори варзишӣ оғоз гардидааст. Ҳамчунин, корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор низ аз ҷониби Дирексияи сохтмони асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръат идома дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Балҷувон таъкид доштанд, ки роҳи мошингарди  Кангурт - Балҷувон ва Ховалинг пурра таъмиру таҷдид мегарданд. Тибқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати роҳсозии Ҷумҳурии Чин бунёди роҳ  оғоз гардиданд.

Даҳҳо нақлиёти роҳсозӣ дар ҳаракатан-ду аллакай қисмати тахту ҳамворкунии  роҳҳо дар арафаи анҷомёбист. Он рӯз дур нест, ки ноҳияи Балҷувон  ободу зебо гардида, пас аз бунёду таҷдиди роҳҳои мошингузар шумораи сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба ин мавзеи зебову афсонавӣ афзоиш ёбад. Чунки обшорони бемисли мавзеи Сари Хосор, чашмаҳои нуқрафом, қуллаҳои сарбаланди кӯҳсорон кайҳо боз диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Иқдомҳои неки Роҳбари давлат нисбати дастгирии ноҳияҳои кӯҳистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ заминаҳои устувор боқӣ мегузорад.             

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Оғози навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон

Хабарҳо
Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ