Дар як сатр
» » Ба фасли сармо омода бошем

Ба фасли сармо омода бошем

24-09-2018, 09:10

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳузимистони солҳои 2018-2019 доир гардид.

Дар кори ҷаласа муовини раиси вилоят мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳия, мудирони шуъбаҳои маориф, масъулини идораҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд. Ҷамъомадро муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоир ҳусни оғоз бахшида ёдовар гардид, ки омодагӣ ба фасли тирамоҳу сармо на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Номбурда аз муовинони раисони шаҳру ноҳия, масъулони соҳаҳои маориф, тандурусти, молия, роҳу нақлиёт, барқ нисбати камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал овард. Тавре ки равшан гардид, иҷрои қарори раиси вилоят нисбати омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон на дар ҳама шаҳру навоҳӣ хуб ба назар мерасад, яъне дар баъзе муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо сабаби ҷудо нагаштани маблағ ҳанӯз захираи ангишт ва сӯзишворӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла дар шаҳру навоҳии Левакант, Кӯлоб, Восеъ, Хуросон, Ҷомӣ, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён камбудиҳо ба чашм мерасад. Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Данғара, Ёвон омодагӣ ба фасли зимистон хуб ба роҳ монда шудааст.

Муовини раиси вилоят баҳри дар амал татбиқ гардидани қарори раиси вилоят дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон оид ба омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон масъулини шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта сари вақт ҳалу фасл гардида, омодагиро ба фасли тирамоҳу зимистон хуб ба роҳ монанд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

Ҳокимияти давлатӣ
Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо

Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА