Дар як сатр
» » Ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек аз нав эҳё мегардад

Ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек аз нав эҳё мегардад

22-09-2018, 09:07

Тавассути сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз вилояти Хатлон рушду тараққӣ ёфта, бо вилоятҳои давлатҳои хориҷӣ робитаю ҳимкориҳои хешро қавӣ мегардонад. Тавре ки Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид доштанд: «Сиёсати дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Воқеан, баргузории бизнес-форуму чандин чорабиниҳои дигари вилоятӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла бо иштироки давлатҳои бо мо дӯст дар дохили кишвар далели ин гуфтаҳост. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам густариш ёбад.

Рӯзи 16- уми сентябри соли равон «Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт. Аз ҷумла ба вилояти Хатлон як гурӯҳ синамогарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сарварии директори генералии Агентии миллии «Ӯзбеккино» Фурқат Закиров ташриф оварданд.

Меҳмононро мудири шуъбаи маънавиёт ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Бобоҷон Саидов аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, кимуносибатҳои дӯстонаю ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Рӯзҳои кинои ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки дар тамоми самтҳо, аз ҷумла соҳаи кино низ пешравиҳои назаррас ба амал ояд. Соли равон дар партави сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистоняк иқдоми наве амалӣ гардид, ки дар саҳифаҳои таърихи ду миллат бо хатти заррин сабт гардид. Барқарор гардидани робитаҳои дӯстонаи ду мамлакати бо ҳам дӯсту ҳамсоя, кушода гардидани гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои вилояти мо низ имкон фароҳам овард, ки бо вилояти Сурхондарё робитаҳои иқтисодию иҷтимоиро роҳандозӣ намояд. Баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар маркази вилоят бештар имкон фароҳам меоварад, ки сокинони вилоят аз заҳматифилмофарони бародарони ӯзбекистонӣ огоҳӣ пайдо намоянд, ироа гардид зимни чорабинӣ.

Сипас, директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Раҳмон Носир аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки имрӯз толори кохи "Лоҳутӣ” чун солиёни қаблӣ нигоҳ дошта шудааст. Аз ин рӯ, ба раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода арзи сипос намуд, ки баҳри рушди кино пайваста тадбир меандешанд.

Айни замон дар вилояти Хатлон 22 басти корӣ дар самти кино таъсис дода шудааст.

Фурқат Закиров аз сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки аз меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон хело хурсандем. Ҳамкориҳо дар риштаи кино миёни синамогарони тоҷику ӯзбек солҳои тӯлонӣ идома дошт. Аз ин рӯ, минбаъд низ баҳри ҳамкориҳои дуҷонибаи филмофарӣ таҳияи филмҳои пурмазмуну диданӣ кӯшиш менамоем,- иброз дошт Фурқат Закиров дар фарҷоми сухан.

Пас аз ҷамъбасти ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин филми ҳунарии «Барон»-и синамогарони ӯзбекро тамошо карданд.

Гурӯҳи меҳмонон аз осорхона ва китобхонаи вилоятӣ дидан намуда, таассурти нек бардоштанд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”

Аксбардор Далер Шарифов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Арсаи кишоварзӣ
Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Сиёсат, АСАЛМО САФАРОВА
Падидаи таърихӣ: тоҷику ӯзбек боз ба ҳам омаданд

Падидаи таърихӣ: тоҷику ӯзбек боз ба ҳам омаданд

Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт