Дар як сатр
» » «Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд бурд»

«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд бурд»

21-09-2018, 08:04

Ҳафтаи сипаригардида дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъомад доир гардид. Дар ҷаласаи назди раиси вилоят муовини аввал, муовинони раиси вилоят, дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъба, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ширкат дош-танд.

Ҷамъомадро раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оғоз бахшида, аз масъулин нисбати вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисоду саноат пурсиш ба амал овард. Пас аз гузориши масъулини соҳаҳо раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нисбати вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят сухан ронда,таъкид дошт, ки баҳри ҷаъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта бояд ҷидду ҷаҳд намоянд, то ҳосили бо ранҷ парвардаи деҳқонон бе талаф ғундошта шавад. Корхонаҳои коркарди пахта пурра ба мавсими имсола омода бошанд, ҳақмузди ҳосили бо заҳмати зиёд ҷамъовардаи деҳқононро сари вақт пардохт намоянд.

Ҳамчунин атрофи қабул ва коркарди босифати пахта, ҳисоботҳои дақиқи оморӣ, захираи чигити хушсифат барои кишт масъули корхонаҳои пахтатозакунӣ муаззаф гардиданд.

Зимни ҷамъомад Давлатшоҳ Гулмаҳмад-зода нисбати омодагиҳо ба фасли зимистон таъкид ба амал оварда, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор вазифадор гардиданд. Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар бораи ҷамъоварии хошок, захираи хӯроки чорво, аз зимистон солиму фарбеҳ баровардани чорво таъкид намуда, раиси вилоят масъулини шаҳру навоҳиро вазифадор кард, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, корҳои ободониро вусъат бахшанд ва ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил намоянд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА