Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоед


Аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоед



Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон таҳсил ва ё дар муассисаҳои таълимӣ кор мекунанд, хоҳиш намуд, то аз сафар ба ин давлат худдорӣ намоянд.

«Новобаста ба фармоиши Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 22 октябри соли 2021 дар бораи муҳайё намудани имконият барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти корӣ намудан дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, дар қаламрави он кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд», - омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муассисаҳои таълимоти олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои лозима барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод месозанд. Зимни ин дар аксар мавридҳо ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирғизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст. Илова бар ин, далелҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар ба қайд гирифта мешаванд.

Бо дарназардошти ҳолати болозикр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд.

http://khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода