Дар як сатр
» » Фирефтаи бегонагон нашавем

Фирефтаи бегонагон нашавем

15-02-2017, 08:40

Фирефтаи бегонагон нашавем

Бозиҳои азими сиёсӣ имрӯз кишварҳои зиёдеро бо хатарҳои воқеӣ рӯ ба рӯ кардааст. Солҳои охир калимаи ҷиҳод, махсусан, ҷиҳоди исломӣ вирди забонҳои мардум гаштааст. Аз шунидани ин калима пеши назар куштори ваҳшиёнаи одамон меояд.

Ҷиҳод калимаи арабӣ буда, маънояш ҷаҳду талош мебошад. Аммо маънии асосии он далолат ва ташвиқ ба сӯи дини пок ва ҳақро дорад. Асосан, ҷиҳод се навъ мешавад: Ҷиҳоди нафсӣ, ҷиҳоди даъватӣ ва ҷиҳоди биноӣ. Расули Акрам мефармояд, ки ҷиҳоди нафсӣ ин мубориза бо нафс аст ва бояд нафсро дар пеши Парвардигор нигоҳ дошт. Ҷиҳоди даъватӣ, даҳ соле, ки расули Акрам дар Макатуллоҳи шариф буданд, вазифаи худро фақат дар фаҳмондани дини ислом медонистанд ва дуои мардумро мекарданд. Ҷиҳоди биноӣ бошад, маънояш созандагию бунёдкорист. Маънои аслиаш бояд ҳар фарди мусулмон дар пешрафту тараққиёти ватани худ саҳмгузор бошад.

Воқеаҳои солҳои охир нишон дод, ки дар давлатҳои Ироқу Сурия ягон навъи ҷиҳод нест. Фақат қотилон ва золимон амалҳои бераҳмонаи худро бар зидди мардуми бегуноҳ ва вайрону валангор кардани шаҳрҳои обод равона карда истодаанд. Магар харобкорӣ, одамкушӣ ин ислом аст?

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки номи поки Исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан ин гуноҳи азим аст. Аз ин рӯ, мебояд, мо дар атрофи сарвари худ муттаҳид бошем ва ватани азизи худро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ва ҷавононро таъкид бар он созем, ки ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва бегонапарастӣ шомил нашуда, дар ниҳоди онҳо садоқат ба ватану миллат, ватандӯст шуданро ҷой намоем.

Фарзандоне, ки ба ин гурӯҳи ифротгар шомил мешавад, волидонашон дониши нокифояи динӣ ва дунявӣ доранд. Бояд фаҳмонид, ки дини ислом пок-тарин дин буда, дар дили шахс тухми некӣ, накӯкорӣ ва дӯст доштани ватану ҷамъиятро асос мегузорад. То ҷавонон ба доми фиреби ифротгароён наафтанд ва туъмаи онҳо нагарданд. Ҳамчун як тан шаҳрванди ватандӯст ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз муроҷиат карда мегӯям: шаъну шараф, модар ва хоки ватани худро азизу муқаддас донед ва фирефтаи бегонапарастон нагардед.

Ҳоҷӣ Шафоиддини КАНГУРТӣ,
узви Иттиҳоди
журналистони Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
Ба заъфи худ ғазо кунед!

Ба заъфи худ ғазо кунед!

Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ