Дар як сатр
» » Дар оброҳа оқилон манзил намесозанд

Дар оброҳа оқилон манзил намесозанд

14-02-2017, 11:43

Дар оброҳа оқилон манзил намесозанд

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб бехатарии мардумро дар мавзеъҳое ба дӯш дорад, ки релефи он бисёр мураккаб буда, обхезиҳои дарёи Панҷ, Сурхобу Оқсу, сойи Тебалай, ярчравии кӯҳу кӯҳпора аз барфу боронҳои баҳорӣ кормандони ин ниҳодро муваззаф менамояд, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Сардори ситоди мазкур полковник Назаров дар ахбороташон ба намояндагони ВАО қайд намуд: «Бо вуҷуди гаронии вазифаҳои дарпешистода мо омодаем, ки мардумро дар ҳама гуна шароиту вазъият аз ҳолатҳои фалокатбор наҷот бидиҳем. Айни замон, дар минтақа зиёда аз 208 мавзеъҳои хатарнок мавҷуданд,ки дар бештари ин нукот аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Ва шумораи мавзеъҳои садамабор дар афзоишанд.

- Ҳукумати ҷумҳурӣ,- афзуд Назаров, - ҳамасола дар асоси пешниҳодоти мо барои муҳоҷирони экологӣ дар мавзеъҳои бехатар замин ҷудо мекунад. Аммо мардум бо айби масъулони маҳаллӣ дар макони садамавӣ аз нав дар ҷойҳои хонаҳои харобгаштаашон манзил месозанд. Дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов, Рӯдакӣ, Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, «Ватан» ва «Дарқад»-и ноҳияи Фархор, баъзе мавзеъҳои хатарноки ноҳияи Данғара чунин беэътиноиҳо ҷой доранд.

Масалан, чанд сол пештар дарёи Оқсу ҳини обхезиҳои баҳорӣ деҳоти Чорбоғ ва қисмати калони аҳолинишини Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъро вайрону валангор сохт. Аз байн муҳлати тӯлоние нагузашта боз мардум дар ҳавлиҳои пештараашон баргашта хона бунёд карданд.

Дар маҳаллаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб низ тимсоли чунин бунёдкорӣ дар авҷ аст. Хотираи кӯтоҳи бошандагони мавзеъ гӯё ҳаводиси даҳшатбори ба сарашон овардаи сойи Тебалайро кайҳо фаромӯш кардаанд. Аз ин рӯ масъулонро мебояд, ки дар маҳалҳо бе хулосаи экологии ниҳодҳои болозикр ба мардум рухсати манзилсозӣ надиҳанд. Мутаассифона, ба чунин қонуншиканӣ онҳо роҳ дода истодаанд ва дидаю дониста ба халқи худ хизмати «хирсона» мекунанд.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Зарари аз офатҳои табиӣ расида беш аз 30 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст (виде ...

Зарари аз офатҳои табиӣ расида беш аз 30 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст (виде ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба мавзеъҳои бехатар кӯч додани 175 оилаи хатлонӣ

Ба мавзеъҳои бехатар кӯч додани 175 оилаи хатлонӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА