Дар як сатр
» » Дуогузор ҳастем

Дуогузор ҳастем

14-02-2017, 11:58

Дуогузор ҳастем

Дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати некӯаҳволии мардум ва ободии ватани азиз – Тоҷикистон муфассал равшанӣ андохта, вазифаҳои асосиро баррасӣ карданд. Аз ҷумла дар самти иҷтимоиёт эълон доштанд, ки: «дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад». Дар ҳақиқат, ғамхорию дастгириҳо дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чашмрас аст.

Соли 2016 ҳаҷми музди меҳнати кормандони буҷетӣ, инчунин нафақа ва идрорпулӣ аз 15 то 30 фоиз зиёд гардида, ҳаҷми маблағгузории он дар як сол 1,2 миллиард сомониро ташкил дод. Аз чунин ғамхориҳо дар роҳи баландшавии сатҳи зиндагии собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия, ки баъди меҳнати пурмаҳсул имрӯз давлати пирӣ меронанд, бениҳоят миннатдоранд.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аввалан дар ҷаласаи навбатӣ, ки бо иштироки аъзои Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолон гузашт, ҳар банди онро омӯхта, муҳтавои онро дар нақшаи чорабиниҳои худ ворид сохтанд. Аз рӯи он ташкилотҳои ибтидоии назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолият хоҳанд кард.

Имрӯз зиндагии шоистаи мардуми ноҳия ва ободонию пешрафтро дида ҳаваси кас меояд. Чи қадар корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои истеҳсолӣ, заводу фаб-рика, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва биноҳои истиқоматӣ қомат афрохтаанд ва сохта мешаванд. Мардум бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд, хизматрасонии маданию маишӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад, сокинони шаҳрак дар биноҳои навсохту замонавӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи ин аз шарофати соҳибистиқлолии давлат ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аст, ки мардуми мо аз он дастгирӣ ба амал меоранд. Аз ин рӯ, мегӯем, ки ҳар банди Паёми арзишманд барои беҳбудии зиндагии имрӯзу фардои мо ва ободии диёр аст.

Собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар иҷрои самтҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим аз рӯи таҷрибаву дониши дар ҳаёт омӯхтаи худ саҳмгузорӣ намуда, корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро пеш мебаранд ва ҳамеша дуогӯи Сарвари олимақоми худ ҳастанд.

Қ. Сафархолов,
раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Туманова ва Мирбобоев ба суҳбати шаҳритусиҳо омаданд

Туманова ва Мирбобоев ба суҳбати шаҳритусиҳо омаданд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Хабарҳо