Дар як сатр
» » «Тоҷикматлубот» фурӯши ангиштро дар 69 нуқта роҳандозӣ кардааст

«Тоҷикматлубот» фурӯши ангиштро дар 69 нуқта роҳандозӣ кардааст

13-02-2017, 12:34

«Тоҷикматлубот» фурӯши ангиштро дар 69 нуқта роҳандозӣ кардааст

Айни ҳол дар ташкилоту хоҷагиҳои кооператсияи матлуботи вилояти Хатлон 235 нуқтаи савдо, 71 нуқтаи хӯроки умумӣ, 53 нуқтаи истеҳсолӣ, 23 бозори доимоамалкунанда ва якрӯза (бо 1109 адад дӯконҳои тиҷоратӣ) фаъолият мекунанд.

Тавре ки дар нишасти матбуотии Иттифоқи ҷамъиятҳои матбуоти вилояти Хатлон зикр гардид, дар бозорҳои соҳа, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва истеҳсолӣ соли 2016 ба аҳолӣ ба маблағи 1 миллиону 608 ҳазор сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шуда, ҳаҷми пардохти доимии яквақта 3 миллиону 318 ҳазор сомониро ташкил намуд. Иҷорапулии воситаҳои асосӣ ба 5 миллиону 102 ҳазор сомонӣ расид. Даромади умумии бозорҳо аз се намуди асосии фаъолият 7,8 миллион сомониро ташкил дод.

Дар ин ҳамоиши хабарӣ инчунин гуфта шуд, ки ҷиҳати таъмини аҳолии вилоят ва ташкилотҳои буҷавӣ бо маводи сӯхт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 бо 5 корхонаи истеҳсолкунандаи ангишти ҷумҳурӣ ба миқдори умумии 2157 тонна шартномаҳои тарафайн баста шуд. Аз ин корхонаҳо ба миқдори 2100 тонна ангиштсанг ворид гардида, дар 69 нуқтаю гӯшаҳои вилоят ба фурӯш гузошта шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

3,2 миллион сомонӣ – даромади солонаи “Тоҷиктелеком”

3,2 миллион сомонӣ – даромади солонаи “Тоҷиктелеком”

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши ҳаҷми гардиши моли чакана дар вилоят

Афзоиши ҳаҷми гардиши моли чакана дар вилоят

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
24,3 тонна нону 10 тонна гӯшт - талаботи якрӯзаи сокинони Қӯрғонтеппа

24,3 тонна нону 10 тонна гӯшт - талаботи якрӯзаи сокинони Қӯрғонтеппа

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА