Дар як сатр
» » Роҳ пайвангари қавмҳо

Роҳ пайвангари қавмҳо

10-02-2017, 16:17

Роҳ пайвангари қавмҳо

Дар воқеъ дар сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафи стратегӣ-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба шумор рафта, дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил гаштем. Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш зикр намудаанд, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дастовардҳои бузурги истиқ-лолият ва Ваҳдати миллӣ дар солҳои охир роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) роҳҳои мошингради Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент ва Восеъ-Ховалинг ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз (қитъаи Шӯрообод-Шоҳон) ва роҳи Сайрон-Қарамиқ идома дорад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, соли равон таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин ва Шкев-маркази ноҳияи Дарвоз дар назар аст.

Ин ғамхориҳои беназири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулину кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахшро водор месозад, ки фаъолияти хешро бештару беҳтар ба роҳ монда, баҳри дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳо ва нақшаҳои амали Паём тадбир андешем.

Соли сипаригардида барои таъмини нигоҳдории 67,4 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта 130211 сомонӣ маблағ харҷ шуд. Роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, ки дар мувозинаи муассиса 169,4 км-ро ташкил медиҳад, 55806 сомонӣ харҷ шудааст. Дар маҷмӯъ дар 12 моҳи соли сипаришуда 54,7 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 67 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Дар роҳи автомобилгарди Вахш-Данғара РҶ-057 276 метр новаи обгузар васл намудем.

Дар Ҷамоати деҳоти “Машъал” 1 адад пули 36 метра таъмир карда шуда, инчунин дар Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ” 1 адад пули пиёдагард ба масофаи 14 метр аз нав сохта мавриди истифода қарор ёфт. Дар ҷамоати деҳоти “Киров” як адад пул аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар 12 моҳи соли сипаригардида 6 адад пул таъмир шуд. Муассисаи роҳдорӣ айни замон дорои базаи мустаҳками техникӣ буда, таҳҷизоту автомашина ва техникаҳо дар ҳолати хуби коршоямӣ қарор дорад. Бо ҳидояту дастгириҳои Роҳбари давлат фароҳам овардани фазои озоду шаффофи соҳибкорӣ дар ноҳияи Вахш низ пешравиҳои зиёд ба амал омад.

Аз ҷумла соли сипаригардида дар Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ” 4 км 400 метр роҳ сангфарш карда шуд, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ 1200 метр қубурҳои обгузар тоза, 900 метр роҳ тахту ҳамвор гардида, беш аз 500 м2 асфалтпӯш шуданд. Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолият” соҳибкорон 8 км роҳро сангфарш карданд. Ба ҳамагон равшан аст, ки дар фасли сармо хатҳои уфуқӣ ва рангубор кардани онҳо барои ронандагони нақлиёт фариштаи наҷот ба шумор меравад. Фасли зимистони қаҳратун боридани барфу борон, хамидани туман, аксар вақт, барои ронандагон хавфи зиёд пеш оварда, боиси ҳодисаҳои нақлиётӣ мегардад.

Аз ин рӯ, дар Ҷамоати шаҳраки Вахш ба масофаи 2 км 350 метр хатҳои уфуқӣ ва гузаргоҳҳо рангу бор карда, ба масофаи 1490 м2 таъмири роҳ гузаронида шуд. Дар муассиса барои зимистонгузаронии солҳои 2016-2017 -ум 230 м2 маводи зидди лағжиш, 21 тонна намак, 1500 тонна ангишт, 5 м2 ҳезум захира ва мавриди истифода қарор дорад. Кормандони муассиса ва масъулин баҳри нигоҳдории роҳҳои нақлиётии аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта пайваста тадбир меандешанд.

Зеро ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Ватани азизамон - Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ яке аз ҳадафҳои асосии Роҳбари давлат маҳсуб меёбад.

Наҳтулло ОЛИМОВ, сардори муассисаи
давлатии нигоҳдории роҳҳои
автомобилгарди
ноҳияи Вахш



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Навсозии 17 километр роҳҳои асосӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Навсозии 17 километр роҳҳои асосӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Восеъ. Сарфи 220 ҳазор сомонӣ барои пули Кафтархона

Восеъ. Сарфи 220 ҳазор сомонӣ барои пули Кафтархона

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА
Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА